Чиро пас аз “инқилоб”-и Бухоро табартақсими сарзаминҳои порсигӯ сурат гирифт?

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
 Рӯзноманигор ва донишманди фарҳехтаи тоҷик Дориюш Раҷабиён ба суоли “Чиро пас аз “инқилоб”-и Бухоро табартақсими сарзаминҳои порсигӯ сурат гирифт ва чи ъунсурҳое дар он фаъъол буданд: сиёсати Русия ё понтуркистҳои турку тоҷик?” посух гуфтааст, ки мутолиаи он барои онҳое, ки дар худ тафаккури интиқодӣ парвариш медиҳанд, аз аҳамият холӣ нест: 
Табартақсими пасо-”инқилоб” натиҷаи фароянде буд, ки аз даҳаи 1860 оғоз шуда буд; бавежа аз замони ҳамла ба Иморати Бухорову табдили он ба як кишвари таҳтулҳимоя (“протекторат”)-и Русия ва ишғоли Самарқанд дар соли 1868.
Пас аз он “ховаршиносон”-и тезори Русия минтақаи Осиёи Марказиро дарнавардиданд ва ба “Оқпошшо” гузориш доданд, ки бо чи фарҳанги ъазиме бо номи фарҳанги порсӣ дар саросари минтақа мувоҷеҳанд.
 Русия ҳамвора аз рақибони нуфузи Эрон дар минтақа буд ва барчидани домани порсӣ – яке аз аҳдофаш. Аз сӯи дигар дар он даврон ин рақобатҳо ангеза ва обу луъоби динӣ ҳам дошт. Ва забони порсӣ забони мазҳабии мардумони ғайрипорсизабон дар Осиёи Марказӣ ҳам буд ва омӯзишу парвариш ҳатто дар миёни қазоқҳову қирқизҳо ҳам ба забони порсӣ сурат мегирифт.
Русия аз аввал камар бар сутурдани нуфузи порсӣ баста буд. Аввал, ба далели рақобати сиёсию низомию тамаддунӣ бо Эрон. Дувум, ба далели муқобила бо густариши ислом.
Дар соли 1880 Восилий Родлуф, яке аз ин “ховаршиносон” дар мақолааш чунин тавсияе ба подшоҳи Рус карда буд:
“В таком положении находится умственное и политическое настроение народа занятой русскими части Средней Азии. Мы видим здесь два элемента борющимися между собою: тюркский — народный и персидско-арабский — магометанский. Последний, к несчастию, уже везде почти взял верх и делает невозможным всякое свободное развитие народа. При таких обстоятельствах не может быть речи об умственных и материальных успехах. Борьба слишком неравная. Только тогда, когда тюркский народный элемент получит крепкую поддержку от европейской цивилизации, тогда развитие народа станет возможным. Но здесь нельзя терять времени, здесь надо действовать поспешно. Уже теперь представители магометанства невидимо окружили даже жителей степей религиозною цепью, и эта цепь их на некоторых пунктах ясно обнаруживается и будет укрепляться, без сомнения, всякий день более и более, если не принесется народному элементу поспешная помощь. Таково положение дел в Бухаре, таково оно и в Киргизской степи, давно принадлежащей к русским владениям. Еще несколько лет замедления, и будет слишком поздно”. (Средняя Зерафшанская долина // Записки Императорского Русского географического общества по отделению этнографии. Том 6. 1880). 
(Тарҷума: “Ҳолу вазъи зеҳнию сиёсии мардум дар бахшҳое аз Осиёи Миёна, ки русҳо ишғол кардаанд, чунин аст. Мо инҷо ду ъунсуреро мебинем, ки бо ҳам дар ҳоли набарданд: ъунсури туркӣ, яъне мардумӣ ва ъунсури порсӣ-ъарабӣ, яъне муҳаммадӣ (мусалмонӣ). Шӯрбахтона, дувумӣ тақрибан дигар дар ҳама ҷо дасти болое дорад ва ҷилави ҳар навъ рушди озодонаи мардумро гирифтааст. Дар чунин шароите намешавад дар бораи комёбиҳои зеҳнию моддӣ ҳатто ҳарфе зад. Ин набард беандоза нобаробар аст. Танҳо замоне ки ъунсури мардумии туркӣ аз ҳимояти қавии тамаддуни урупоӣ бархурдор бошад, имкони рушду пешрафти мардум фароҳам мешавад. Вале дар ин маврид набояд вақт талаф кард. Инҷо бояд шитобон дастбакор шуд. Аз ҳамин ҳоло намояндагони кеши муҳаммадӣ (ислом) давр то даври саҳронишинонро ҳам бо занҷири номаръии динӣ фаро гирифтаанд; ин занҷирро дар бархе нуқот бавузӯҳ мешавад мушоҳида кард ва агар ба ъунсури мардумӣ кумаки билодиранг нарасад, бегумон, он занҷир рӯз то рӯз беш аз пеш муҳкамтар хоҳад шуд. Вазъияти умур дар Бухоро низ ҳамин аст ва ҳатто дар Дашти Қирқиз, ки аз дербоз ҷузъи тасарруфоти Рус будааст. Агар чанд соли дигар таъхир биуфтад, бисёр дер хоҳад шуд”. )
  Ин хусумат ба порсӣ дар замони Шӯравӣ шиддат гирифт, чун Кремлин дар садади коштани забону фарҳанге тоза ва муҳандисии миллате дигар дар паҳнаи импротурӣ буд. Порсӣ ба ъунвони дерпотарин забони импротурӣ монеъи аслӣ буд.
Ҷойгузинии куҳантарин забони импротурӣ (порсӣ) бо яке аз забонҳои навпо (русӣ) кори содае набуд. Аммо Шӯравӣ ангезаи дигар ҳам барои решакании забону фарҳанги порсӣ дошт: душманӣ бо ислом. Барои баркандани решаи ислом дар қаламраваш худро муваззаф медонист, ки пеш аз ҳама ба ҳисоби забони порсӣ бирасад ва онро аз эътибор биандозад.
Ин кор фақат бо овардани забони русӣ ба майдон анҷом намегирифт. Аз ин рӯ чи Русияи тезорӣ ва чи Русияи сурх даст ба домони забонҳову ақвоми турку муғули минтақа шуданд. Онҳоро аз омӯзиш ба забони порсӣ барҳазар доштанд ва омӯзиши ҷадидро ба забони русӣ ҷорӣ карданд, забонҳои маҳаллии туркиро шакл доданду тақвият карданд ва барои ҳар кудом номе ниҳоданд ва рӯҳияи қавмгароиро ба андоми ақвоми турку муғул тазриқ карданд.
Бештари ин корҳо пас аз ишғоли Бухоро ба дасти Артиши Сурх сурат гирифт. Аммо пеш аз он ҳам талошҳои Русияи тезорӣ дар ин росто то ҳадде ҷилав рафта буд. Таҳсилкардагони тотори мадориси Туркия дам аз мадориси сабки ҷадид ба шеваи истонбулӣ мезаданд; тоҷикони тараққихоҳ ҳам кӯшиданд аз неъмати дониши мадориси сабки ҷадид баҳравар шаванд ва ба Туркия рафтанду дарс хонданд.
  Туркия, ки аз сомонаи омӯзишии куҳна гоме ҷилавтар гузошта буд ва талош мекард фарангӣ шавад, дар чашми тараққихоҳони тоҷик хуш дурахшид ва бисёре аз онон ба монанди Файзуллоҳ Хоҷаефу Фитрат худро “турк” эълом карданд. Ва ҳамин тараққихоҳони туркшуда буданд, ки ҳамакораи “инқилоби Бухоро” шуданд; ҳарчанд баъд аз чанд сол ба дастури пешвои инқилобиюни Русия (Истолин) ҷон ба ҷонофарин супурданд.
Пӯзиш аз пурҳарфӣ, аммо умедворам то ҳадде манзурамро расонда бошам: шароит ба гунае рақам хурд, ки Русия (чи тезорию чи шӯравӣ) бо ақвоми турку муғул даст ба яке карданд ва хоинони туркшудаи тоҷик ҳам ба кумакашон шитофтанд ва бар сари забони порсию тоҷикон фурӯ рехтанду чунин шуд.
Ба бовари ман, аз мост, ки бар мост. Ҳарчанд ъавомили хориҷӣ қатъан муассир буданд, агар худи мо ба ҳадди кофӣ худогоҳӣ доштем, ҳеч тӯпу тонке моро ингуна наметарсонду ба хоки сиёҳ наменишонд.

The post Чиро пас аз “инқилоб”-и Бухоро табартақсими сарзаминҳои порсигӯ сурат гирифт? appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.