Чор духтар. Дар вилояти Суғд чоргоникҳои навбатӣ ба дунё омаданд
Як зани 27-сола аз ҷамоати марзии Чоркӯҳи Исфара 10-уми июн чоргоник таваллуд кардааст. Навзодон ҳама духтарча буда, бо усули буриши қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаанд. Телевизиони маҳаллии СМ-1 дар як гузориши видеоӣ аз модари чоргоникҳо Мавзуна Сангинова ном бурдааст, ки аз ҳомиладории аввалин писарча ба дунё оварда буд.
Манбаъ: Asiaplustj.info