Чор низомии украинӣ дар Донбас кушта шудааст

Ҳукумати Украина хабар медиҳад, ки бар асари тиркушоӣ чаҳор сарбоз дар Донбас кушта шудааст. 

Бар асоси хабари ситоди низомии Украина рӯзи 26-уми март неруҳои ҷудиохоҳ, ки аз ҷониби Русия пуштибонӣ мешаванд, ду маротиба оромиро халалдор кардаанд.

Чаҳор сарбоз кушта шуда ва ду тани дигар дар назди деҳаи Шумӣ захмӣ шудаанд.

Нашрияи “Украинская правда” (Ҳақиқати Украина) бо истинод аз Ситоди фармондеҳии Украина навиштааст, ҷангиёни ҷудоихоҳ муоҳидаи Минскро сарфи назар намуда, аз силоҳҳои сангини гулулаандоз истифода кардаанд. 

Владимир Зеленский, президенти Украина дар Твитери худ аз сарони кишварҳои “Чаҳоргонаи Норманд”,  ки ба он Олмон, Фаронса, Русия ва Украина шомил ҳастанд, даъват кард, ки аз тамоми имконоти худ истифода намуда, барои ҳамаҷониба поён додани ҳолати ҷангӣ мусоидат кунанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.