Чор узви тими Бабарика ба зиндон маҳкум шуданд

Чор узви тими интихоботии номзади президентӣ дар Беларус бо иттиҳоми омодагӣ ба “тазоҳуроти оммавӣ” ба мӯҳлати то панҷ соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуданд. Дар ҳукми рӯзи 10 июни додгоҳи шаҳри Минск гуфта шудааст, ки Игор Ермолов, Дмитрий Канапелка, Владислав Коретски ва Николай Сасу ба зиндон маҳкум мешаванд, ҳарчанд ба иттилои гурӯҳҳои мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқ, далели воқеии гунаҳгор будани онҳо собит нашуд. Созмони ҳомии ҳуқуқи “Весна” ин нафаронро зиндонии сиёсӣ номидааст. Ин нафарон барои омодагӣ ба ташкили эътирозҳои баъди интихоботи порсолаи президентӣ, ки дар он Александр Лукашенко пирӯз номида шуд, гунаҳор дониста шуданд. Додситонӣ гуфт, ки ҳар нафари онҳо “ният дошт, ки дар ошӯбҳо шахсан иштирок кунад”, вале ба хотири ин ки ходимони ҳифзи қонун  “барои саркӯби вайронкунандаҳои интизоми ҷамъиятӣ аз пеш иқдом карда онҳоро боздошт намуданд”, ба ҳадаф нарасиданд. Ермолаев ба ҳангоми боздошт сахт латукӯб шуд, устахонҳояш шикаст ва давоми як ҳафта барои табобати захмҳояш дар бемористон буд. Ин чор нафар ба таври ихтиёрӣ дар тими таблиғотии Виктор Бабарика кор карданд. Собиқ раиси “Белгазпромбанк” пеш аз интихоботи моҳи августи соли 2020 ба ҳайси номзади калидии  интихоботӣ  арзёбӣ мешуд. Дар остонаи интихобот мақомот назорат бар ин бонкро ба дасти худ гирифта Бабарикаро ҳабс карданд. Ӯро барои интиқоли ғайриқонунии миллионҳо доллар ба ҳисобҳо дар Латвия гунаҳгор мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.