Чжао Хлоя аз Чин барои “Сарзамини овораҳо” барандаи Оскар шуд

Коргардони чинӣ Чжао Хлоя дар таърихи ҷоизаи бонуфузи синамои Оскар аввалин намояндаи Чин шуд, ки барандаи мукофоти “Беҳтарин коргардони сол” гардид. Чжао ва филмаш «Сарзамини овораҳо» барандаи ҷоизаи беҳтарин филм шуданд, ва ӯ инчунин нахустин зани осиёӣ гардид, ки чунин ҷоизаи бонуфузро бурдааст.  Чжао 39 сол дорад ва филмашро қиссаи “саёҳату девонагиҳое дар зиндагӣ” ташреҳ кардааст. Чжао Хлоя лаҳзаҳои гирифтани ҷоизаи бонуфуз аз минбари баланд дар Лос-Анҷелес гуфт:

“Барои филмсозони осиёӣ ва умуман, барои ҳама филмсозон гуфтаниам, ки, медонед, мо бояд ҳуввияти худро нигоҳ дорем. Мо бояд қиссаҳоеро нақл кунем, худамон ба онҳо иртибот дорем. Мо набояд чунин эҳсосе дошта бошем, ки бояд танҳо як намуд қиссаҳоеро бигӯему тамом”.

Маросими супурдани ҷоизаи имсолаи Оскар бо назардошти пандемияи коронавирус  дар шароити онлайнӣ баргузор шуд.  Филми “Сарзамини овораҳо” инчунин ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарпешаи зан”-ро бурд.  Френсис МакДорманди 63-сола акнун дорандаи се ҷоизаи Оскар мебошад. Беҳтарин ҳунарпешаи марди  имсола Энтони Ҳопкинси 80-сола барои нақшаш дар филми “Падар” гардид.  Ин Оскари дуюми Ҳопкинс мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.