Conflict Intelligence Team: дар Қаробоғи Кӯҳӣ зархаридони суриягӣ меҷанганд

Таҳқиқоти гурӯҳи бо номи Conflict Intelligence Team (CIT) мегӯяд, ки дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон зархаридони суриягӣ меҷанганд, вале ин иттилоъро Боку рад мекунад. Кавказ.Реалии. мегӯяд, дар ин бора дар гузориши рӯзи 21-уми октябр нашршудаи CIT гуфта шудааст. Аз ин пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ нашр шуд, ки эҳтимолан аз ҷониби худи зархаридҳо ба интернет ҷой дода шудаанд. Дар наворҳо сӯҳбат ба забони арабӣ ба гӯш мерасад ва худи ҷангиён бо либоси марзбонҳои Озарбойҷон дида мешаванд. Коршиносони CIT гуфтанд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мушаххас кардаанд, ки   воқеан ҳам ин наворҳо дар қаламрави зери контроли Озарбойҷон бардошта шудаанд. Аз ҷумла, зархаридҳои суриягӣ дар қисмати ҷанубии ҷабҳа дида шудаанд, ки рӯзҳои охир он ҷо барои минтақаи аҳолинишини Гадрут ҷангҳо идома дошт. Қаблан дар бораи ширкати эҳтимолии зархаридҳои суриягӣ матбуоти ҷаҳонӣ ҳам хабар дода буд. Аз ҷумла, ба навиштаи Washington Post, дар Қаробоғи Кӯҳӣ на камтар аз 50 зархариди суриягӣ, ки зидди нирӯҳои арманӣ аз ҷониби Озарбойҷон меҷангиданд, кушта шуданд.

 Туркияву Озарбойҷон ҷалби зархаридҳои суриягӣ дар ҷанги зидди Арманистонро қотеона рад мекунанд. Вале дар ин замина қаблан президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳам хабар дода буд ва президенти Русия Владимир Путин дар сӯҳбат бо раиси ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон “аз ширкати ҷангиён аз Ховари Миёна дар амалиёти ҷангии Қаробоғи Кӯҳӣ ба шиддат изҳори нигаронӣ карда буд”.

Низоъҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ ва навоҳии атрофи он дар Озарбойҷон охири моҳи сентябр шиддат гирифт. Озарбойҷон ба ҳуҷум гузашт. Туркия гуфт, ки Бокуро пурра пуштибонӣ мекунад. Дар Маскав ду ҷониб ба созиши оташбас даст ёфтанд, вале базудӣ ҳарду тараф гуфтанд, ки созиш нақз шуд. Даргириҳо идома доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.