COVID-19. Дар Тоҷикистон 71,7% гирифторони ин беморӣ шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар муддати аз 30 то соати 18:00 дақиқаи 19 июн  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5338 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3830 (71.7%) нафар шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои вазорати мазкур, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.

«То 19 июни соли равон дар мамлакат 180 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 68 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодааст. Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.