COVID-19. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз субъектҳои хизматрасони соҳа даъват намуд, то ки дар давраи пандемия қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ риоя шаванд

ДУШАНБЕ, 19.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ даъват ба амал овард, ки вобаста ба роҳҳои пешгирии вируси сироятӣ, таъмини фаъолияти муназзами низоми назорати санитарию эпидемиологии мамлакат, ҳангоми хизматрасониҳои сайёҳӣ ва омаду рафти сайёҳон дар вазъи хавфи бемории COVID-19 қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ риоя карда шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли равон иҷозат дод ва тибқи қарори дахлдор мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчунин таъкид менамояд, ки иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, меҳмонхонаҳо, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо дар байни кормандон ва истироҳаткунандагон оид ба риояи чораҳои бехатарӣ дар макони истироҳат ва берун аз он корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.

«Зимни қабули истироҳаткунандагон,  ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар муассисаҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ, дар минтақаҳои соҳилӣ ва атрофи он,  нигоҳ доштани масофа, пешгирии ҷамъшавии издиҳоми одамон, нисбат ба ҳамлу нақли истироҳаткунандагон аз ҷониби масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оид ба маърифати тиббию беҳдоштӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд», — таъкид менамояд Кумита.

Кумитаи рушди сайёҳӣ бо назардошти вазъи баамаломада дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастурамали фаъолияти саёҳат ва сафар дар шароити хатари афзояндаи пандемия (COVID-19)”-ро таҳия намуд, ки пас аз қабули он аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ дастраси иншооту субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ карда мешавад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.