COVID-19. Раиси «Амонатбонк» ва ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таъсири коронавирус ба фаъолияти низоми бонкӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ 05.09.2020/НИАТ «Ховар»/. Раиси  Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»  Сироҷиддин Икромӣ дар мулоқоти фосилавӣ бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии хонум Падамжи Ханделвал аз таъсири манфии пандемияи COVID-19  ба фаъолияти бонкии Тоҷикистон таъкид кард,  иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти бонк.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисодӣ дар ҷаҳон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаро баҳри пешгирии таъсири манфии пайомадҳо ба фаъолияти ин бонк  баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин инчунин перомуни масъалаҳои марбут ба таъсири манфии COVID-19  ба фаъолияти бонкӣ, вазъи сармоя ва пардохтпазирӣ, дороиҳо, нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳкими идоракунии хавфҳо, фаъолияти «Корти миллӣ» дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳолати қарздиҳӣ ва истифодаи Бюрои қарзӣ   изҳори андеша карда шуд.

Зимни мулоқот раиси «Амонатбонк»  иброз доштааст, ки   Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки бо  Хазинаи байналмилалии асъор  ҳамкориро дар самтҳои мухталиф барои бартараф намудани пайомадҳои манфӣ ба иқтисодиёт ва пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ густариш диҳад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.