COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон беш аз 194 ҳазор нафар зиёд шуда, тақрибан ба 10 миллион расид

ДУШАНБЕ, 27.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 11:00-и 27 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон тақрибан ба 10 миллион расида, зиёда аз 497 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 5,3 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 194 190 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 4 893 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 910 135 нафар ва теъдоди фавтидагон 497 001 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 5 360 855 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2,552,956 нафар), Бразилия (1,280,054), Россия (620,794), Ҳиндустон (509,446), Британияи Кабир (309,360), Испания (294,985), Перу (272,364), Чили (263,360), Италия (239,961) ва Эрон (217,724) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз бойгонӣ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.