COVID-19 умрро кӯтоҳ мекардааст

Як таҳқиқоти нав мегӯяд, ки пандемияи COVID-19 боиси  коҳиши  умри  инсон гардидааст ва ин як мушкили бесобиқа дар ҷаҳон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон будааст. Таҳқиқоте, ки дар 29 кишвари Аврупо, ИМА ва Чилӣ барпо шудааст, мегӯяд, дастоварди солиёни тӯлонӣ дар заминаи таъмини дарозумрии инсонҳо бо сабаби пандемияи коронавирус осеб дид. Доктор Риди Кашяп, ҳаммуаллифи таҳқиқоте, ки рӯзи 27-уми сентябр дар Маҷаллаи байналмилалии эпидемиологӣ чоп шуд, мегӯяд, “таъсири COVID-19 барои бисёр кишварҳо мисли як зарба гардид”.

Муҳаққиқон маълум кардаанд, ки аз миёни 29 кишвар дар 22-тоаш умри инсонҳо ним сол кам шудааст. Ин хулоса дар муқоиса бо нишондодҳои соли 2019 карда шудааст. Пандемияро мардон назар ба занон сангинтар пуштисар кардаанд.

Таҳқиқот собит кардааст, ки дар 11 кишвар умри мардон ва дар 8 кишвар умри занон ба ҳисоби миёна як сол кам шудааст. Дар ИМА умри инсон 2,2 сол  ва дар Литва 1,7 сол кам шудааст. Дар ИМА марги инсонҳо бештар дар миёни то 60-солаҳои синнусоли корӣ мушоҳида шудааст, дар Аврупо бошад  бештар дар миёни аз 60-солаҳо боло.  Таҳқиқот ба хулосае омадааст, ки мизони маргу мири инсонҳо дар Аврупои Ғарбӣ аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон чунин боло нарафта буд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.