CPJ аз Қирғизистон хост, ки ҳамлаву озори журналистон таҳқиқ шавад

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Қирғизистон тақозо кард, ки ҳодисаҳои озори журналистонро ба ҳангоми пӯшиши референдуми конститутсияи ин кишвар дар таърихи 11-уми апрел таҳқиқ кунанд. Созмони воқеъ дар Ню-Йорк дар як изҳороти рӯзи 13-уми апрел навишт, дар шаҳри ҷанубии Ӯш ва ҳам пойтахт шаҳри Бишкек мақомот чор журналистро боздошт карда, ба дастикам як журналист дар шаҳри Ӯш нозирони интихоботӣ ҳамла намуданд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, мақомоти полис бояд боздоштҳоро таҳқиқ  ва ҳам фаъолияти озод ва амни журналистонро ба ҳангоми пӯшиши таҳаввулоти аҳамияти миллидошта таъмин кунанд. Ӯ мегӯяд, агар қарор аст  интихоботи Қирғизистон як маъракаи «озод, одилона ва қонунӣ эътироф шавад, пас журналистон бояд тавони онро дошта бошанд, ки ин маъракаро озодона ва бидуни тарс аз боздошту азияту озор пӯшиш диҳанд».

Дар Ӯш гурӯҳи нафарон монеи мусоҳибаҳои ду журналисти вебсайти Kloop бо овоздиҳандагон дар беруни нуқтаи овоздиҳӣ шуданд. Ин гурӯҳ журналистонро “хоин” номида, як зан яке аз журналистонро тела дода, телефонашро аз даст гирифт. Ходими полис ба ин қазия танҳо баъди он мудохила кард, ки зан  бозгардони телефонро рад кард. Дар ниҳоят, ин зан аз болои журналистон барои “авбошӣ” шикоят намуд. Полис дар Ӯш инчунин хабарнигори вебсайти  Eldik.media-ро барои наворгирӣ дар як нуқтаи овоздиҳӣ боздошт кард.  Инчунин дар Бишкек як журналисти Kloop ҳангоми наворгирӣ дар нуқтаи овоздиҳӣ боздошт шуд. Полис дар ҳарду ҳолат иддао кард, ки гӯё журналистон ҳақи наворгирӣ дар дохили нуқтаи овоздиҳиро надоштанд, вале ба навиштаи Кумитаи дифоъ аз журналистон, баръакс, қонунҳои матбуоти Қирғизистон   наворгириро дар нуқтаҳои раъйгирӣ иҷоза додаанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.