Даҳҳо маъмури амниятӣ дар Тахори Афғонистон кушта шуданд

Дар натиҷаи як ҳамлаи ногаҳонӣ дар вилояти Тахори Афғонистон даҳҳо маъмури амниятӣ кушта шуданд.

Мақомот гуфтанд, хунрезӣ кори дасти Толибон аст. Теъдоди аниқи қурбониён маълум нест, вале он маргбортарин ҳамла баъди оғози музокироти деринтизори Толибону намояндагони ҳукумати Афғонистон ба шумо меравад, ки ду тараф моҳи сентябр дар Қатар оғоз карданд.

Ҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Тахор гуфт, ки ҳамла шаби 20-ум ба 21-уми октябр сурат гирифтааст ва ҷанг байни маъмурони амниятӣ ва ҳамлаварон соатҳо идома ёфтааст.

Ба қавли ӯ, дар ин ҷанг 25 нафар кушта шудаанд ва муовини сардори идораи пулис низ ҷон додааст.

Ҷавод Ҳиҷрӣ афзуд: “Толибон дар хонаҳои атрофи минтақае мавқеъ гирифта ва ба нерӯҳои мо, ки дар онҷо амалиёт анҷом медоданд, ҳамла карданд.”

Толибон масъулияти ҳамларо мустақим бар дӯш нагирифтанд, вале гуфтанд, ки ҷангҷӯёнаш бо “душман вориди даргирӣ шудаанд”, то аз онҳо барои амалиёт ба зидди гуруҳ дар Тахор қасос бигиранд.

Раҳим Дониш, сартабиби шифохонаи марказии Тахор гуфт, ба шифохона 36 ҷасад овардаанд ва 8 маъмури амниятӣ ҳам захмӣ шудаанд.

Амир Муҳаммад Хоксор, вакили вилояти Тахор гуфтааст, ки дар ҷанг 47 маъмури амниятӣ ҷон додаанд. Ва чанде пеш Ҳизби исломии Афғонистон, ки раҳбарии онро Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони бадномшуда бар душ дорад, бо як баёнияе мардуми Афғонистон ва сиёсатмадорони дигарро ҳайратзада кард, ҳарчанд баъдан аз ин баёния фосила гирифт.

Ҳизб гуфт, омода аст, дар сурати муроҷиати Озарбойҷон аъзояшро барои ҷанг ба зидди Арманистон ба Қаробоғи Куҳӣ фиристад. Онгуна ки бахши дарии Радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ба истилоҳ муҷоҳиддини афғон дар гузашта дар ҷанг ба зидди Арманистон ширкат кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.