Даҳҳо муҳоҷир дар тазоҳуроти назди сафорати Тоҷикистон боздошт шуданд

Пулиси Маскав даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки бо талаби озодии Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷамъ омада буданд, боздошт кардааст.

Наздики 200 тан аз муҳоҷирон рӯзи 2‑уми апрел назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омаданд ва дар наворҳое, ки аз ин маҳал дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, онҳо талаби Озодии Иззат Амонро доранд.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик рӯзи 25‑уми март дар Маскав нопадид шуд. Чанд рӯз баъд мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бо ҷурми қаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд ва ҳангоми ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт шуд.

Дар наворҳои видеоие, ки эътирозгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад, пас аз чанд лаҳза кормандони пулиси Маскав онҳоро боздошт намуда, дар автобусҳо мебаранд.

Сафорати Тоҷикистон расман дар ин бора изҳори назар накардааст.

Як тан аз муҳоҷирон бо шарти зикр нашудани номаш дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як автобус ҳудуди 30 тан аз онҳоро ба боздоштгоҳ овардаанд.

Пулиси Маскав мегӯяд, гирдиҳамоӣ бе ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти шаҳрдории Маскав баргузор шуда, ғайриқонунист. Як намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба нашрияи “Спутник-Тоҷикистон” гуфтааст, ки ба боздоштшудаҳо ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад.

Яке аз муҳоҷироне ки дар эътирози назди сафорат ширкат доштааст, гуфт, “баъди намози ҷумъаи имрӯз тасмим гирифтем, ки дар назди сафорат эътироз кунем”.

“Вақте мо ба назди сафорат омадем ва дархост кардем, ки намояндаи сафорат ба наздмон ояд, як нафар омад ва гуфт 15 дақиқа сабр кунед, ба назадатон меоем, вале баъди 15 дақиқа атрофи мо пулисҳо ҷамъ шуданд. Мумкин аз сафорат онҳоро даъват карданд ва бо зур муҳоҷиронро тақрибан дар 7 автобус бор карданду бурданд, дигар намедонем ба онҳо чӣ шуд”,‑‑гуфт ӯ.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.