Да Фаронса дар як рӯз ду амали даҳшатафканӣ сурат гирифт

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Имрӯз, 29 октябр дар Фаронса боз ду амали террористӣ сурат гирифт, ки бар асари он се нафар кушта шуданд.
  • Ба иттилоъи BFM.TV  ар Калисои Норт-Дами шаҳри Нис як нафар марди ношинос ба мардум ҳамла карда, се нафарро ба қатл расонд ва сари яке аз куштагонашро аз тан ҷудо кард. Ҳангоми боздошт қотил захмӣ шуд ва ӯро ба беморхона бурданд.
  • Илова бар ин, дар шаҳри Авинон марди дигаре бо корд  бо садои ” Аллоҳу- Акбар” ба кормандони пулис ҳуҷум овард. Пулис ӯро аз байн бурд.
  • Шӯрои мусалмонони Фаронса ин ҳодисаро маҳкум намуд ва аз диндорони маҳаллӣ даъват ба амал овард, ки аз баргузории ҷашни Мавлуди Паямбари исломро ( с) худдорӣ кунанд.
  • Мақомоти маҳаллии шаҳри Нитс  ин ҳодисаро як амали террористии исломгаро донистанд. Ҳама калисоҳои ин шаҳр муваққатан таътил шуданд.
  • Ба далели ин ҳамлаи терористӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Фаронса Ситоди бӯҳронӣ таъсис гардид.Дар назар аст, ки раисҷумҳури Фаронса ба ҷойи ҳодиса равад.
  • Вобаста ба ин, расонаҳо хабар доданд, ки барои муборизаро бо терроризм, пеш аз ҳама барои ҳимоят аз маконҳои динӣ ва муассисаҳои таълимӣ беш аз 7 ҳазор низомиён қалб карда мешаванд.
  • Ёдовар мешавем, ки қаблан муаллими 47 сола Самуэл Пати, ки ба шогирдон карикатураҳои Паямбари ислом Муҳаммадро (с) нишон медод, кушта ва сараш бурида шуд. Ба ин куштор ҷавони 18 солаи чечентабори зодаи Маскав, ки ҳангоми боздошт аз ҷониби кормандони мақомоти амниятӣ ба қатл расид, гумонбар дониста мешавад.

The post Да Фаронса дар як рӯз ду амали даҳшатафканӣ сурат гирифт appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.