Антониу Гутерриш: «Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ду баробар коҳиш ёфтааст».

ДУШАНБЕ, 05.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2018–2027-ро Даҳсолаи сеюми байналмилалии СММ оид ба мубориза бо   камбизоатӣ эълон намуд.  Роҷеъ ба ин масъала дар маърӯзаи Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ки 22 июли соли 2019 нашр гардид,   хабар дода шуд, —  менависад шореҳи  АМИТ «Ховар».

Дабири кулли СММ зимни  суханронии  худ оид ба ҳадафу нақшаҳои дарпешгузоштаи даҳсолаи нав сухан кард. «Соли 1990 36 фоизи аҳолии сайёра бо маблағи 2 доллар дар як рӯз зиндагӣ мекарданд. Бо гузашти 20 сол ин шумора 10 ва дар охири соли 2018 то 8,6 фоиз поён рафт.  Бо вуҷуди ин, имрӯз суръати махдуд кардани сатҳи камбизоатӣ  иҷрои ҳадафҳои гузошташуда- нест кардани қашшоқиро дар даҳсолаи наздик зери шубҳа гузоштааст», — гуфт Антониу Гутерриш дар маърӯзаи худ.

Тибқи иттилои коршиносони байналмилалӣ, дар охири асри 20 беш аз чоряк ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба камбизоатӣ  гирифтор  шуданд. Тадқиқоти гузаронида нишон медиҳанд, ки аз соли  1999 то 2007 дар ҷаҳон аз камбизоатӣ беш аз 300 миллион нафар вафот карданд.  Ба ин хотир Созмони Милали Муттаҳид баҳри кам гардонидани ин мушкилот  якчанд барномаҳо қабул ва татбиқ намуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад, таъмини шароити зиндагии арзандаи аҳолӣ ва ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Ин аст, ки аз соли 1997 инҷониб оид ба ин масъала дар мамлакат барномаву стратегия ва лоиҳаҳои мухталиф татбиқ карда шуда, имрӯзҳо амалишавии иддае аз чунин санадҳо идома дорад.

Маҳз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба сари ҳокимият омадани фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат оид ба ин масъала тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, барномаву стратегияҳои давлатӣ татбиқ гарданд.

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат то 29,5 фоиз коҳиш ёфт. Яъне баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ марҳила ба марҳила паст карда шуд. Ин натиҷаи татбиқи тадбирҳои андешидашуда буд, ки дар ин давра амалӣ карда шуданд. Масалан, агар панҷ соли охирро муқоиса кунем, сатҳи камбизоатӣ аз 40 фоиз бештар аз 10 фоиз паст шуд, ки ин натиҷаи бебаҳси татбиқи барномаҳои зикршуда мебошад»,- иброз дошт  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Олимҷон Бобоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Яке аз идораҳое, ки дар татбиқи ҳадафҳо оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат фаъолият дорад, ин Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мебошад. Бунёди мазкур шурӯъ аз соли 1997 то имрӯз чандин барномаву лоиҳаҳоро дар ин ҷода татбиқ намуда, амалӣ кардани ҳадафҳои дигарро идома дода истодааст.

Тавре директори иҷроияи  Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода моҳи июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, солҳои 1997 то 2002 Лоиҳаи таҷрибавии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон солҳои 2003 то 2006 лоиҳаи дуюм ва аз соли 2005 то 2018 Лоиҳаи  «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ»-ро дар се марҳила татбиқ намудааст. Марҳилаи чоруми лоиҳаи мазкур аз моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, амалигардии он то соли 2020 идома меёбад.

Ба иттилои масъулини ин ниҳод, лоиҳаҳо дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ рӯи кор омадаанд. Дар раванди татбиқи ин лоиҳаҳо асосан сохтмон ва таъмири иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонию  барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ амалӣ гардида, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамоянд.

24 феврали соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012-ро, ки моҳи январи ҳамон сол дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди  назди Сарвари давлат баррасӣ шуда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ёфтааст, ҷонибдорӣ кард.

Стратегияи мазкур, пеш аз ҳама, ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ мутобиқ гардонида шуда, татбиқи он имконият дод, ки дар бахши хусусии  рушди сармоягузориҳо тавсеаи озодиҳои иқтисодӣ зиёд гардад.  «Дар маҷмӯъ, қабули ин стратегия имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат паст карда шавад», — зикр намуд профессор Олимҷон Бобоев.

Мавриди зикр аст, ки тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030, агар сатҳи камбизоатӣ  дар соли 2015 – 31 %-ро ташкил дода бошад, пас соли 2020 -20, соли 2025 – 18  ва соли 2030 – ба  15% фаровардани он пешбинӣ гардидааст.

«Диққати асосӣ  дар  Ҳадафҳои рушди устувор  ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст.  Бинобар ин пурра аз байн бурдани  камбизоатӣ,  иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот  ва истеҳсолот,  инчунин  ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ  бо мақсади рушди  минбаъдаи  иқтисодию иҷтимоӣ,  вазифаҳои асосӣ  ва шартҳои  ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд», — омадааст дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 2017 зимни суханронии худ ба муносибати 25–умин солгарди   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «даромади аҳолӣ қариб 30 баробар ва пасандозҳо беш аз 90 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 то 30 фоиз коҳиш ёфт. Ба туфайли интихоби дурусти ҳадафҳои умумимиллӣ ва амалӣ гардонидани стратегияву барномаҳои давлатӣ дар 17 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодии мамлакат ба 7,7 фоиз баробар шуд. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло ин шумора ба беш аз 2000 адад  расидааст».

Чунин таҳлилу баҳодиҳии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  исботи он аст, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ба таври назаррас паст карда шудааст.

22 январи соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки зимни ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, аз ҷумла дар бораи 2 баробар коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сухан гуфт.

Зимни ҷаласа Дабири кулли СММ зикр намуд, ки Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои охир дар самти рушди устувор ба пешрафти назаррас ноил гардидааст ва барои далели гуфтаҳояш Ҷумҳурии Тоҷикистонро мисол овард.

«Масалан, дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ду баробар – аз 81 дарсади соли 2003 то 31 дарсади соли 2015 коҳиш ёфт», — гуфт А. Гутерриш.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли 2001 зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишондиҳандаҳои сатҳи камбизоатиро дар даҳсолаҳо таҳлил намуда, гуфтанд: «Мақсади асосӣ, ки ислоҳоти мо ба он нигаронида шудааст, паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат  тавассути болоравии иқтисодиёт мебошад».

Он замон ин андешаи дурбинонаи Ҷаноби Олӣ мавриди дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифта, ҳамовозиҳои зиёд ба бор овард.

Тавре Олимҷон Бобоев мегӯяд: «Албатта, болоравии иқтисодиёт, эълон намудани  ҳадафҳои стратегӣ, қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ ва рушди саноат аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим доранд. Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи хос дошт ва онро идома дода истодааст».

Масалан, — гуфт ин вакили мардумӣ, саноат рушди тиҷорат мебошад. «Зеро вақте шахс ин ё он моли саноатиро истеҳсол мекунад, он сабаби  ба тиҷорат машғул шудан мегардад. Аз ин хотир, эълон намудани саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон қадами устуворест дар роҳи рушди босуботи  давлатдорӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ», — илова намуд Олимҷон Бобоев.

Бояд гуфт, ки имрӯз самтҳои асосии фаъолияти дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амнияти миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, густариши муносибатҳои дипломатӣ (бо роҳи эълон намудани сиёсати «дарҳои боз») ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои шаҳрвандон равона гардидааст.

Зимнан, соли 2008 дар мамлакати мо бо дастуру роҳнамоиҳои дурандешонаи Сарвари давлат маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таҳия  ва қабул шуд. Он  тавонист зиёдаравию хурофотпарастиро коҳиш дода, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон заминаи устувор гузорад.

11 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат бахшида ба 10—солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот анҷом дода, аз ҷумла гуфтанд: «Қонуни мазкур, ҳамчунин боиси болоравии маданияти гузаронидани маъракаҳо ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниҳо гардида, муносибати мардумро ба маросиму маъракаҳо дигаргун сохт.

Масалан, дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросим беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Яъне ин маблағҳо ба фоидаи мардум ва афзоиши даромади буҷети оилаи онҳо мусоидат намудаанд».

Мавриди зикри хос аст, ки ҳадафи асосии Қонуни танзим коҳиш додани сатҳи камбизоатии мардум буда, то имрӯз натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст.

Мисоли бебаҳси ин гуфта он аст, ки тибқи иттилои ВАО, баъзе бахшҳои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонунгузории Афғонистон ворид карда шудаанд. 5 апрели соли 2018 ВАО-и  ин мамлакат дар бораи аз ҷониби Парлумон ва Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қабул шудани «Қонуни маросими арӯсӣ» хабар доданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қонуни мазкур дар пайравӣ аз Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таҳия  ва қабул шудааст. Дар ҳамин масъала, 24 июли соли равон Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ба хабарнигорон гуфт, ки «Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон бо мақсади омӯхтани таҷрибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба мо дархост ирсол намуданд».

Ба гуфтаи Олимҷон Бобоев, сабабҳои зиёде метавонанд ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсир расонанд, ки онҳо, пеш аз ҳама, ба сатҳи зиндагии мо вобастаанд. «Яъне ҳар қадаре, ки сатҳи зиндагӣ баланд гардад, камбизоатӣ ҳамон қадар кам мешавад. Бинобар ин агар баланд рафтани сатҳи иқтисодӣ,  дороӣ, музди меҳнат, шароити корӣ, муҳоҷират ва ғайра, мусбат арзёбӣ шаванд сатҳи камбизоатӣ поёнтар хоҳад рафт», — афзуд вакили Парлумони Тоҷикистон.

Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт: «Беҳтар кардани вазъи инфрасохтори истеҳсолии мамлакат, таъминоти барқ, сохтмони роҳҳои босифат ва таъминоти об масъалаҳое мебошанд, ки ба пешрафти иқтисодиёт заминаи мустаҳкам гузошта, дар ин асос сатҳи зиндагӣ хубтар мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ин ҷода корҳои зиёдеро ба анҷом расонид».

Хуллас, маълумоти макроиқтисодӣ  ва иҷтимоӣ  яқинан тасдиқ  мекунанд, ки дар мамлакати мо ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида, дар ин замина ба гуфтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз низ яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад».

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.