Даҳ мушкили оппозитсия шудан ё охирин мақолаи сиёсии Абдуллоҳ Раҳнамо

Коршиноси варзидаи кишвар Рустам Азизӣ дар матлаби кӯтоҳе мавзӯи арзёбии моҳият ва фаъолияти мухолифини тоҷикро ба миён гузошт, ки муҳокимаи васеъ ёфт. Чун аз оғози соли нав банда ба кори басе дуртар аз баҳсҳои сиёсӣ мегузараму шояд дигар ба ин мавзӯъҳое барнамегардам, зарур донистам, ки дар охирин рӯзи соли ҷорӣ ҳамчун охирин мақолаи сиёсии худ маводи зерро навиштаву дар инхтиёри аҳли андеша гузорам. Чун мавзӯъ барои ҳамаи иштирокдорони равандҳои сиёсӣ, чӣ мувофиқину чӣ мухолифин, муфиду созанда аст, дареғ мебуд, ки ногуфта мемонд. Умедворам, ки онро ҳамагон ба таври шоиста дармеёбанд.

Маводи зерин шарҳи оромест бар мавзӯи шартузаруратҳои оппозитсияи сиёсӣ будан ва зимни пешниҳоди он бисёр хоҳиш доштам, ки агар миёни дӯстон ё дигарандешон дар тасдиқ ё дар радди ин назар назаре бошад, он низ бо оромиш ва дар сатҳи фарҳанги сиёсию одоби башарӣ ва дар доираи ҳамин мавзуъ баён шавад, то ҳам андеша комил гардад ва ҳам ин ҷо маълум шавад, ки мо дар ҳақиқат оппозитсияи сиёсӣ дорем ё надорем?

Мафҳуми «мухолифин» ё «оппозитсия» барои таъриху фарҳанги сиёсии Тоҷикистони муосир бисёр ошност. Марҳилае буд, ки ин падида нақши пешқадаму истиқлолхоҳ дошту конуни андешаи ислоҳӣ ва ҷабҳаи андешамандони ислоҳгари миллию сиёсӣ буд ва марҳилае низ шуд, ки ин падида аз моҳияти сиёсию пешқадами худ фаротар рафту худи арзишҳо ва низоми сиёсиро фурӯ бурд ва даҳсолаҳо зарур омад, ки дубора низом ва давлат шавем. Аммо дар марҳилаи дигар на танҳо иттиҳоди нерӯманди мухолифин (ИНОТ) пароканда шуд, балки дар ин раванд мувофиқа гашт, ки худи истилоҳи «мухолифин» ё «оппозитсия» низ ҳамчун ёдовари он фоҷеаву он нақш камтар истифода шавад.

Ҳамин тавр, як марҳилаи томми мухолифати сиёсию низомӣ дар таърихи муосири мо ҷамъбаст гардид. Аммо солҳои охир дар фазои иттилоотӣ баъзе шаҳрвандон ва доираҳои ҳамдиду ҳамманфиат дар хориҷа худро ҳамчун мухолифини сиёсӣ ё оппозитсияи ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд, ки ин вазъият ин мавзӯъро дубора ба миён мегузорад.

Мувофиқи назария ва амалияи пазируфтаи сиёсӣ, оппозитсияи солими сиёсӣ нерӯи моҳиятан сиёсиест(1), ки зарфияти муносиби фикрию интеллектуалӣ(2), пойгоҳи муайяни иҷтимоӣ ва мардумӣ(3), барнома ё платформаи алтернативии сиёсию иқтисодӣ(4) ва сохтори ҷиддии ташкилотӣ(5) дошта, маҳз бо эҳсоси масъулият дар баробари сарнавишти ҷомеа, давлат ва миллат(6) ва бо мақсади созандаи беҳбуди вазъияти мавҷуда(7) барои татбиқи ҳадафҳои барномавии худ мубориза мебарад. Дар баробари ин, муҳимтарин аломатҳои оппозитсияи солими сиёсӣ эътирофи асосҳои сохти давлатдорӣ ё бовар ба низоми сиёсии прогрессивитар аз низоми мавҷуд(8), доштани фарҳанги муколама ва муборизаи сиёсӣ(9), худдорӣ аз истифодаи зӯроварӣ дар муборизаи сиёсӣ(10) ва муҳимтар аз ҳама, доштани решаву моҳияти миллию дохилӣ(11) ба ҳисоб мераванд.

Агар як нерӯ ё як тарафи сиёсӣ дорои аксари чунин хусусиятҳои сохторию сифатию моҳиятӣ бошад, онро метавон «оппозитсияи сиёсӣ»-и ҳукумат ё низоми сиёсии мавҷуда номида, бо он муносибати ҷиддӣ ва солим ба роҳ гузошт. Сабаби дар аввал гузоштани шарти «нерӯи моҳиятан сиёсӣ» будан дар таърифи оппозитсияи сиёсӣ дар он аст, ки ҳизб, ҳаракат ё доираҳои қавмӣ, маҳаллӣ, ҷудоиталаб, динӣ, фарҳангӣ, соҳавӣ, шибҳнизомӣ, партизанӣ ва ғайра нерӯи моҳиятан сиёсӣ набуда, ҳамчун оппозитсияи сиёсии ҳукуматҳо шинохта намешаванд. Ҳисоби ин гуна тафаккуру ҳаракатҳо ҷудо буда, меъёри муносибати давлат ва ҷомеа бо онҳо низ аз меъёрҳои пазируфтаи муносибат бо оппозитсияи сиёсӣ комилан фарқ мекунад.

Доштан ва фаъолияти оппозитсияи солими сиёсӣ на танҳо ҳолати табиӣ, балки зарурати сиёсиест, ки боиси ҳушёрӣ, ислоҳи мудовим, худтакмилдиҳӣ ва шаффофияти ҳар низоми сииёсӣ шуда, тазодҳои фикрию ҷамъиятиро низ дар фазои қонунманд нарму танзим менамояд. Ҳамон гуна, ки чӣ таълимоти шарқӣ ва чӣ фалсафаи ғарбӣ муборизаи зидҳоро омили аслии инкишоф мешуморанд, оппозитсияи солиму масъулиятшиноси сиёсӣ барои ҳар кишваре омили рушд низ хоҳад буд. Хусусан, дар сурате, ки барнома ва ифтихори мухолифин на худи мухолифи ҳукумат будан, балки маҳз пешниҳоди барномаи бартар ё роҳиҳалҳои беҳтаре барои масъалаҳои ҷомеа бошад.

Бо ин нигоҳ, мулоҳизаҳои зерин метавонанд дар шинохти воқеияти доираҳои нави ҳамватанони норозӣ ва мухолиф ва масъалаҳои асосии онҳо дар масири оппозитсияи сиесӣ шудан  мусодит намуда, ҷабҳаву манзараи мухолифати имрӯзаро то ҷое рӯшан созад. (Албатта, бояд аз оғоз истисно намоем, ки чанд нафар журналистон ё зиёиёни дигарандеш, ки нисбат ба вазъият ва ҳукумат диду мавқеи мустақилонаи худро доранд, мавзӯи ин баррасӣ нестанд, зеро онҳо ҳамчун нерӯи сиёсӣ ё даъвогари касби қудрати сиёсӣ матраҳ намешаванд.

1.Масъалаи меҳвар ё платформаи мушаххаси сиёсӣ ва арзишӣ

Муҳимтарин омили асосноккунандаи мавҷудияти ҳар оппозитсяи сиёсӣ маҳз платформаи сиёсӣ ва арзишии он аст. Ҳатто агар зарурати платформаи идеологиро барои нерӯҳои «типпи нав» истисно намоем ва онро хосаи ҳизбҳои классикӣ донем, аммо бе платформаи шаклгирифтаи сиёсӣ худ вуҷуд доштани мухолифини сиёсӣ имконпазир нест. Баробари эълони мавқеъ бояд барои ҷомеа мушаххас шавад, ки ин нерӯи оппозитсионӣ чӣ навъи қувва аст, аз давлат чӣ мехоҳад, чӣ паём дорад,  чӣ низоми арзишҳо дорад, чӣ низоми давлатӣ меорад?

Аз ин назар, имрӯз мавқеъ ва дидгоҳҳои сиёсӣ ва арзишии шахсияту доираҳои норозии тоҷик ва ҳамчунин, равиши муборизаи онҳо аз ҳамдигар бисёр фарқ дошта, чунин парокандагии сиёсӣ, арзишӣ, идеологӣ, мазҳабӣ, равишӣ, геополитикӣ ва ғ. ҳанӯз имкони намедиҳад, ки ин шахсу гурӯҳҳо дар атрофи як платформаи сиёсӣ муттаҳид гарданд. Ҳатто ҳастаҳои нисбатан муташаккили мухолифатварзанда, ки то рафтан платформаи нисбатан шаклгирифтаи фикрӣ ва сиёсӣ доштанд, акнун талош доранд бо ҳувияту мавқеъгириҳои нав зуҳур менамоянд, ки шояд барои шинохти онҳо солҳои зиёд лозим бошад. Баъзе гурӯҳҳои дигар ҳанӯз мавқеи сиёсӣ набуда, на дар заминаи тафовути ҷаҳонбинӣ ва палатформаи сиёсӣ бо ҳукумати имрӯза, балки маҳз дар заминаи ихтилофи корию тиҷорӣ бо шарикони наздиктарини худ дар дохили кишвар ба миён омадаанд.

Аммо шахсу доираҳои ифроте чун «Ансоруллоҳ», «ДОИШ» ва пайравони мазҳабҳои воридотӣ, ки дар сафашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд, моҳиятан ба категорияи оппозитсияи сиёсии ҳукумат шомил намешаванд, ки шарҳаш хоҳад омад.

Аз ин рӯ, дар фазои нави мухолифати хориҷӣ ҳоло аксари шахсу доираҳо дар меҳвари ранҷиш, ҷабрдидагӣ ва эътироз дар мавқеи мушобеҳ қарор гирифтаанд. Аммо чунин ҳамгунӣ барои фаъолияти сиёсии муштарак пайванди фикрии устувор нест.

2.Масъалаи чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ ва зарфияти интелектуалӣ

Аз мантиқу таҷриба, нерӯе, ки даъвои алтернативаи ҳукумати як кишвар будан ва идоракунии як мамалакатро менамояд, бояд дар сафи худ ақаллан 5-10 сиёсатмадори сатҳи миллӣ ва ё 10-20 мутахассису мутафаккиру шахсияти барҷаставу шинохтаву босалоҳияти илмӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ шинохта дошта бошад, то ҷомеа ба сухани он гӯш ва эътимод намояд. Ба таври мисол, агар Иттиҳоди мухолифини собиқ ё ИНОТ-ро ба ёд орем, дар сафи он даҳҳо шахсияти шинохтаи сатҳи миллӣ аз қишру ақидаву минтақаҳои гуногуни кишвар ҳузур доштанд, ки ба он навъе машруияти будан мебахшид.

Собиқ роҳбари ИНОТ марҳум С.А.Нурӣ бо он ҳама тими анбӯҳ боз ҳам камбуди зарфият дар муҳити худро эҳсос намуда, дар суханронии охирини худ ба пайравонаш таъкид карда буд, ки «то дар сафи мо 100 Ҳимматзода пайдо нашавад, бояд ҳеҷ вақт даъвои қудрат накунем!»

Ин таъкид авҷи дарки масъулият ва ҷиддияти масъала пас аз солҳои мубориза ва таҷрибагирӣ буд.

Аммо дар шароити имрӯз ҳатто бо надоштани ним Ҳимматзода ҳам давъои қудрату идораи ҷомеа оддӣ шудааст, ки ҷиддӣ қабул намешавад.

3.Масъалаи пойгоҳи иҷтимоӣ ва мардумӣ

Нерӯи сиёсии қавӣ бояд намояндаи нухбагони сиёсӣ, минтақавӣ, иқтисодӣ, динӣ, қишрӣ ва ё соҳавии кишварро дар бар гирифта, дар байни аҳолӣ аз пойгоҳи иҷтимоӣ бархурдор бошад. Аз ин низад, дар муҳити пойгоҳи иҷтимоии эҳтимолии муқовимат дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, яъне аҳли фарҳангу зиё(1), муҳоҷирини меҳнатӣ(2), рӯҳониён ва қишри дингаро(3), минтақаҳои ҷудогонаи кишвар(4), табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ(5), ҷавонон(6) ва ғ., феълан дар ҳеҷ кадомашон таъсири шахсу доираҳои мухолиф  муайянкунанда нест.

Имрӯз аксари мардуми кишвар даҳшати фоҷеаи гузаштаро пеши руй дошта,  аз назари равонӣ рӯҳияи ҷонибдори ваҳдату осудагӣ доранд ва бо вуҷуди баъзе мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ, аз даъватҳои барҳамзанандаи субот ҳимоят намекунанд. Ҳатто ҷойгоҳи иҷтимоии даъватҳои динию мазҳабӣ ва хусусан, даъватҳои тунд нисбат ба даҳ соли пеш хеле коста мебошад.

Қишрҳое чун муҳоҷирин ва ҷавонон, ки таваҷҷуҳи асосии доираҳо мухолиф ба онҳо равона карда шудааст, имрӯз ба шакли ҷунбишӣ аз онҳо таъсирпазир нестанд.

Ҳамин тавр, заминаи иҷтимоӣ ва пойгоҳи мардумии доираҳои навмухолиф дар дохили кишвар барои оппозитсияи сиёсии таъсиргузор будан феълан кофӣ намебошад.

4.Масъалаи барномаи алтернативии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Ҳар неруи мухолиф маъмулан бояд барномаи мукаммал ё консепсия алтернативии ислоҳоти иқтисодию иҷтимоие ироа намоянд, ки аз он матни он назари ин доира дар бораи роҳиҳалҳо ва модели муносиби рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро муайян кардан мумкин бошад. Аммо ҳоло аксари маводи нашршудаи ҳамватанони норозии мо дар самти иқтисодию иҷтимоӣ аз нақди вазъият ё танқиди амали иқтисодии ин ё он идораву масъули давлатӣ иборат буда, феълан ба сатҳи таҳлили равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ нарасидааст. Барои мисол, ҳамчун нигоҳи берунӣ метавон гуфт, ки фақат баъзе шарҳу тарҳҳои ҷамъиятӣ ё иқтисодие, ки гоҳ-гоҳ андешамандони муътаризе чун Ҳафиз Бобоёров ё Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён ба танҳои ироа мекунанд, аз маҷмуи таҳлилу назари гурӯҳҳои сиёсии мухолиф дар якҷоягӣ ҷиддитар аст. Ба ибораи дигар, феълан потенсиали зеҳнии мухолифини нав имконият намедиҳад, ки ба сиёсат, иқтисод ва ҷомеа нигоҳи барномавӣ ё консептуалӣ дошта бошанд.

Аммо вақте нирӯе дар мақоми оппозитсияи сиёсӣ қарор мегирад,  саволи табиӣ ва мантиқии ҷомеа ин мешавад, ки барнома ва фарқи онҳо чист, бартарӣ ва роҳи ҳалли онҳо чист? Зеро доштани эътирозу норозигӣ ҳанӯз доштани барнома, стратегия ва алтернатива ҳисоб намешавад.

5.Масъалаи сохтори муассири ташкилотӣ

Дар масири душвори оппозитсияи сиёсӣ шудан масъалаи сохтор ва ташкилот низ хеле муҳим, балки муайянкунанда аст.  Аз ин назар, муҳити имрӯзаи ҳамватанони норозӣ ҳанӯз ба сатҳи нерӯ ё ҳаракате бо сохтори мукаммали ташкилию идорӣ нарасида, дар он ҳудудан 8-9 мавқеи ҷудогона ё ҳатто бо ҳам мухолифро баршумурдан мумкин аст. Тарҳи дар чорчӯби як паймон ҷамъ овардани баъзе шахсияту ташкилотҳои мухолиф низ комёб нагашт, зеро дар таркиби он низ асосан намояндагони як равияи мухолиф ва шахсони наздик ба он гирд омаданд.

Ҳамин тавр, имрӯз дар бораи мавҷудияти ҳаракат ё ташкилоти устувори сиёсии мухолифини давлати Тоҷикистон дар хориҷа, ки ҳамчун қувваи сиёсӣ шакли сохторию идорӣ гирифта ва ё ба мавқеи ҳамоҳанги сиёсӣ дар муқобили ҳукумат расида бошанд, сухан намеравад. Балки фақат хусусиятҳои фазои иттилоотии муосир имкон медиҳанд, ки шахс ё гурӯҳҳои ҷудогона ба воситаи таблиғот гоҳо тасаввури козиб дар бораи мавҷудияти ташкилоти ҷиддию фаъолеро ба вуҷуд оварад.

6.Масъалаи эҳсоси масъулияти миллӣ ва давлатдорона

Дар чанд соли охир ин мушкилаи ҷиддии аксари шахсу гурӯҳҳои норозӣ борҳо зоҳир шудааст, ки намунаи охирини он муносибати баъзе аз онҳо бо буҳрони куруно буд. Зеро дар чунин шароити ҳассоси тиббию иҷтимоиву минтақавӣ, ҳатто бе ҳеҷ шарҳи сиёсӣ,  даъват ба бетартибии оммавӣ ё «шӯриш», пеш аз ҳама барои худи мардум бисёр хатарнок буд. Дар чунин ҳолатҳои ҳассос, хусусияти асосии оппозитсияи сиёсӣ маҳз эҳсоси масъулияти муштараки миллӣ мебошад. Ҳамон гуна, ки дар он рӯзи мушкил оппозитсионери собиқадортарин  Д.Атовуллоев «Сангари миллӣ»-ро навишту ҳамаро ба ҳамкорӣ фаро хонд…

Барои ин сатҳи тафаккур намунае аз атроф қобили таваҷҷуҳ аст, ки пештар низ оварда будам: Норозиёни тавофуқи сиёсии доктор Абдулло Абдулло бо Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон эътироз доштанд, ки агар ишорае мекардӣ, Аркро бо аркнишинонаш сарнагун месохтему ҳукматро соҳиб мешудем! Доктор А.Абдулло дар посух гуфт, ки оре, ин имконпазир буд, аммо имрӯз аз як сӯ мардум дар бадбахтии куруно аст ва шояд ҳама гирифтор мешуданд, аз сӯи дигар, дар кишвар низоъи қавмӣ оташ мегирифт ва ҳамчунин, дар чунин шароити таҳдидҳои амниятӣ нахостам омили фурӯрезии низоми давлат шавам, зеро дигар ҷамъ овардани он муҳол буд. Хушҳолам, ки дар ниҳоят саломати низоми давлатӣ ҳифз шуд…

Мавқеи шахсият ё оппозитсияи масъули сиёсӣ дар лаҳзаҳои буҳронӣ тақрибан чунин аст. Сатҳи масъулиятшиносие, ки шахсу гурӯҳҳои мухолиф бояд онро меъёри амал бигиранд.

7.Масъалаи муносибат ба арзишҳои пазируфтаи низоми давлатдорӣ

Яке аз ҳассостарин масъалаҳои муборизаи сиёсии дохилидавлатӣ мавқеи арзишию идеологии ҳар нерӯи сиёсӣ мебошад. Дар ин самт, мазмуни маводи нашршудаи баъзе доираҳои мухолиф нишон медиҳад, ки бо вуҷуди гоҳо таъйид кардани низому арзишҳои дунявӣ, қисми зиёди фаъолони ин ҷабҳа ба таври ошкоро бо арзишҳои асосии низоми давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои низоми дунявӣ ва ҷомеаи бисёрфикрӣ дар баҳс мебошад.

Ҳамагон мебинем, ки дар маводу шарҳҳои бешумори худ намояндагони чунин гурӯҳҳо ҳамарӯза бо матраҳ кардани баҳси дину мазҳабу куфру имон, рақибони худро бо ҳукмҳои «кофир», «мунофиқ», «мушрик», «маҷус», «тоғут», «даюс», «Фиръавн», «бенамоз», «фосиқ», «душамни дин», «душмани ислом» ва ғайра маҳкум карда, ин мафҳумҳоро дар адабиёти сиёсии худ ба таври васеъ истифода менамоянд.

Ин нишон медиҳад, ки ҳануз демократия, ратсионализм (ақлмеҳварӣ), амалгароӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуногунандешӣ ба бовар ва тарзи тафаккури аксари онҳо табдил нашудааст. Дар чунин ҳолат, чунин гурӯҳҳо на нақши оппозитсияи сиёсии ҳукумат, балки бештар нақши рақибони идеявии низоми дунявии давлатро ифо мекунанд, ки чунин ҳолат низ хосси оппозитсияи сиёсӣ нест.

8.Масъалаи фарҳанги муколама ва гуфтумони солими сиёсӣ

Омӯзиши баҳсҳои ҳамарӯза дар фазои маҷозӣ нишон медиҳад, ки аксари намояндагони доираҳои норозӣ дар муоширати сиёсӣ асосан ба моҳияти мавзӯъ напардохта, дар вокунишу ҷавоби худ ба изҳори назарҳо асосан ба муҳокимаю таҳқири муаллифон, таҳдид ба ва ба ҳошия кашидани баҳсҳо роҳ медиҳанд. Дар канори ин, таблиготи сиёсию идеолгӣ ва ҳатто барномаҳои одддии иттилоотии аксари эътироздорон дар шакли хашин, пурэҳсос, оштинопазир ва бе риояти оддитарин меъёру ҳаримҳо ахлоқиву шахсӣ пеш бурда мешавад. Дар ин масъала қоидаи озмудашудаи тиллоӣ ин аст, ки чунин равиши таблиғот метавонад дар кӯтоҳмуддат бинандаву шуҳрат оварад, аммо он дар дарозмуддат барои ҳеҷ шахсу нерӯе маҳбубият, эҳтиром ва эътирофи умумӣ намеоварад. Чунин ҳолат низ яке аз муҳимтарин аломатҳои ҳануз ба сатҳи оппозитсияи сиёсӣ насабзидани як нерӯи сиёсӣ ҳисоб мешавад.

Дар чунин фазои эҳсосӣ ва хашини иттилоотӣ, мушкили ҷиддӣ дар он аст, ки бо чунин шахсу гурӯҳҳо ба роҳ мондани ҳама гуна гуфтугӯи оддии сиёсӣ ва ташкили муколамаи созандаи фикрӣ амалан ғайриимкон мегардад.

Зеро дар он танқиди мавқеъ бо танқиди мавқеъ, фикр бо фикр ва андеша бо андеша ҷавоб намеёбад. Он амалан дигар мубориза ва муколамаи фикрӣ ва сиёсӣ нест.

9.Масъалаи парҳез аз хушунат дар муборизаи сиёсӣ

Тавре зикр шуд, ҳар оппозитсияи сиёсии солим муборизаи худро танҳо бо роҳҳои мусолиматомези маданӣ, яъне бе истифода аз таҳдиду зуроварӣ пеш мебарад. Аммо ҳоло хушунат ва ё даъват ба хушунат бахши муҳимме аз таблиғоти шахсияту доираҳои норозиро ташкил мекунад. Масалан, моҳҳои охир яке аз шахсиятҳои фаъоли мухолиф бо наворҳои пайиҳам гурӯҳҳои дигари мухолифро мунофиқ эълон карда, пайваста ҳамагонро ба гирифтани «шамшер ва калашников» ба майдони “ҷиҳод” даъват менамояд. Ё ҳаҷми калони маводе, ки фақат ду соли охир расонаӣ шуд, нишон медиҳад, ки баъзе доираҳои мухолиф талоши ташкили шохаи низомӣ низ доштаанд. Таҳдидҳои лафзӣ бошад, ҷузъи доимии риторикаи фаъолони ин доираҳо буда, ҳамвора таъкид мешавад, ки агар биёем, фалон мекунем ва фалониро фалон ҷазо медиҳем…

Дар ин масъала меъёри умумии пазируфта ин аст, ки худи изҳори хушунат ва хусусан, талоши эҷоди абзори хушунат дигар иҷозат намедиҳад, ки ба шахсу доираҳои мухолиф ҳамчун оппозитсияи сиёсӣ муносибат шавад. Ин ҷо сухан ҳатто дар бораи доштани шохаи мусаллаҳ нест, балки худи эътирофи ин равиши мубориза боис мешавад, ки як нерӯи сиёсӣ мақоми нерӯи шибҳанизомиро касб кунад. Яъне дар ҳар сурат, тавассул ба таҳдиду хушунат худ поёни оппозитсияи сиёсӣ будан мегардад.

Агар чунин намебуд, пас ташкилотҳои ифротию ирҳобие чун Ҳизби таҳриру «ДОИШ»-у «Ал-қоида», ки низ даъвои мухолифат бо ҳукуматҳоро доранд, ҳамчун оппозитсияи сиёсӣ эътироф мешуданд. Агар чунин намебуд, оппозитсияи сиёсии мо, пеш аз ҳама «Ансоруллоҳ»-и тоҷикӣ мебуд. Пас, ҳамватаноне, ки талоши оппозитсияи сиёсии шудан доранд, бояд ба ин марзи пазируфтаи умум таваҷҷуҳи махсус дошта бошанд. Ва назди худ яқин намоянд, ки опозитсияи солими сиёсӣ мешаванд, ҳаракати тундрави динӣ мешаванд ва ё гурӯҳи шибҳанизоимии партизанӣ. Ин меъёр дар оппозитсияи сиёсӣ будан усулист.

10.Масъалаи истиқлоли сиёсии неруи сиёсӣ

Масъалаи ҳассоси дигар барои ҳамчун оппозитсияи солими сиёсӣ шинохтан ё нашинохтани як нерӯи сиёсӣ сатҳ ва навъи робитаи он бо кишвару доираҳои хориҷӣ ва манфиатҳои бегона аст. Ин ҷой низ ХАТТИ СУРХ ва меъёри пазируфта чунин аст, ки дар сурати ҷой доштани пуштибонӣ (сиёсӣ, молиявӣ, низомӣ) ва хусусан, истифодаи абзории давлатҳои хориҷӣ аз гурӯҳҳои мухолифи як давлати дига, чунин доираҳоро дигар на танҳо оппозитсияи сиёсии ҳукумат, балки ҳатто нерӯи сиёсии дохилӣ шуморидан мушкил аст. Ва ҳатто пирӯзии сиёсии чунин нерӯ дигар на пирӯзии як нерӯи дохилӣ, балки амалан, пирӯзии манфиатҳои кишвари хориҷии пуштибони он бар манфиатҳои кишвари худӣ аст.

Дар чунин сурат, он нерӯ дигар на оппозитсияи сиёсӣ, балки амалан таҳдид ба манфиатҳои миллӣ мегардад ва муқовимат бо он фаротар аз мафҳуми «мубориза барои ҳифзи қудрат» рафта, маънои мубориза барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳатто барои ҳифзи истиқлоли сиёсӣ аз дахолати беруниро мегирад. Ин аст, ки барои оппозитсияи сиёсии худӣ, машрӯъ ва қобили эътироф шудан, ҳар шахсу доирае, ки бино бар сабабу шароите пой дар роҳи оппозитсия шудан мегузорад,  бояд ба ин масъалаи усулӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошад.

Нуктаҳои боло нишон медиҳанд, ки роҳи оппозитсияи сиёсӣ шудани як эътироз сода набуда, дар як муборизаи солими сиёсӣ оппозитсияи сиёсӣ будан шарту талаботи худро дорад, ки маҳз расидан ба дастёбӣ ба онҳо як нерӯи норозиро ба мақоми оппозитсияи сиёсӣ ва ба сатҳи эътирофу эҳтироми умумӣ мебарорад.

Аз ин нигоҳ, метавон дид, ки имрӯз доираҳои ҳамватанони норозию муътаризи мо дар хориҷи кишвар ҳанӯз аз диди сохторию арзишию моҳиятӣ то сатҳи оппозитсяи сиёсии як ҳукумат шакл нагирифтаанд. Бале, имрӯз дар хориҷа афроди норозӣ, рақибони идеологии низоми давлатӣ, фаъолони динию мазҳабӣ, гурӯҳҳои шибҳанизомӣ ё дар пушти баъзе аз онҳо, рақибони геополитикии Тоҷикистон фаъоланд, аммо ҳоло нерӯи моҳиятан сиёсие  дар сатҳи мухолифини сиёсии ҳукумат ё оппозитсияи сиёсӣ шакл нагирифтааст. Зеро маҳзи розӣ набудани шахс ё гурӯҳе аз кори ҳукумат  ё эътироф надоштани арзишҳои ҷамъиятӣ аз сӯи гурӯҳе аз шаҳрвнадон ҳанӯз ба маънои оппозитсияи сиёсӣ шудани онҳо нест. Агар чунин мебуд, тамоми гурӯҳҳои муташаккили мафиёӣ, гурӯҳҳои муътаризи мазҳабию фарҳангӣ ва тамоми олами ҷиноиро, ки ҳамеша аз ҳукуматҳо, аз арзишҳои ҳоким ва умуман, аз будани қонуну тартибот розӣ нестанд, оппозитсияи сиёсӣ номидан мумкин мебуд.

Бинобар ин, оппозитсияи солим ва муфиди сиёсӣ ба нерӯи муташаккили сиёсие гуфта мешавад, ки дорои барномаву платформаи алтернативии мудаввану созанда ва моҳияти прогрессивӣ буда, нисбат ба низоми мавҷудаи сиёсӣ моҳиятан пешқадамтар бошад ва омадани он маҳз фарорасии зинаи болотари рушди ҷомеаро ифода намояд. Ин гуна оппозитсияи сиёсии созанда ва пешқадам бояд эътироф ва истиқбол ёбад. Ва албатта, баръакси он баръакс.

Пайнавишти хайрбодӣ:

Агар ин навиштаро нек ва беғараз мутолиа намоем, рушан аст, ки ин мақола ҳаргиз таблиғиву ҷабҳаӣ нест ва барои «ҷанги иттилоотӣ» ё зидди касе навишта нашудааст. Он на танқид дораду на таҳқир дораду на таҳдиду на ном. Ҳатто аз зикри номҳову мисолҳо худдорӣ кардам, то чунин мавзуи муҳим боз баҳси ҷузъӣ нашавад.. Он назару хулосаи як мушоҳидагару коршинос аст, ки фақат бинобар имрӯз дар шабака матраҳ шудани ин мавзӯи муҳим ҳамин шаб навиштаву ҳамин руз пешниҳод шуд, то ба соли дигар, ки аз ин мавзӯъҳо берун меравам, намонад.

Пас, агар нерӯе дар ҳақиқат оппозитсияи сиёсӣ бошад, ба радди фаврию ҷавобҳои сарсарию таҳқирӣ ба ин мавод намепардозад, ки аз он дар беҳбуди вазъият суде нест. Балки ин матлаби оромро оромона мехонад, бандҳояшро меандешад, дар доираи худ муҳокима мекунад ва ба ин восита худро такмил мекунад. Ва шояд ба муаллиф сипос низ мефиристад, зеро ба маънои дигар, ин мавод на танҳо гузориши бунёдии масъала барои коршиносон, балки то ҷое метавонад дастуруламале барои такмил ёфтан ва оппозитсияи сиёсии комил шудан низ мебошад.

Ва агар доираҳои норозию мухолифи мо ин даҳ масъалаи муҳимро дарк намудаву онро дар моҳияту фаъолияти худ ҳал кунанд, он гоҳ мо мухолифини сиёсии худӣ, созанда, қавӣ, бехатар, пешрафта ва сазоворе хоҳем дошт, ки шахсан банда аз ҳузури он истиқбол менамудам. Зеро банда ҳаргиз зарурати будани як оппозитсияи солиму созандаро рад накарда, асли зарурати ислоҳу пешрафти кишварро низ инкор нанамудаам. Балки мушкилаи муҳим ин аст, ки аз диди аксари шохисҳои даҳгонаи зикршуда, ҳоло дар саҳна барои низоми имрӯза алтернативаи шоиста, созанда ва сазоворе нест.Шояд дар миёни ҳамватанони норозӣ ниятҳои нек ҳам бошад, аммо тавре бо чашми оддӣ мебинем, ҳоло ин доираҳо яқинан он сатҳ, он барнома, он зарфият, он ҷойгузин ва он нерӯе нестанд, ки омаданашон чизе беҳтар аз низоми имрӯза ва ё вазъе  бартар аз вазъияти имрӯзро оварад.

Аммо тавре зикр шуд, як оппозитсияи сиёсӣ вақте эътироф, эҳтиром ва дастгирии васеъ меёбад, ки моҳият, низоми арзишҳо ва барномааш пешқадамтар аз моҳияту арзишҳову барномаҳои низоми мавҷуда бошад ва омаданаш фарорасии марҳилаи беҳтару болотари рушди ҷомеаро ифода намояд.

Худованд нигаҳбони ҳамаи мо, давлати миллии мо ва кишвари биҳиштии мо бошад. Ин буд охирин мақолаи сиёсии ман.

  P S:
1. Ин матлаб аз навиштаҳои ахир ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.  «Охирин мақолаи сиёсии ман» номидани ин мавод рамзӣ нест, зеро аз фардо банда дар соҳаи адабиёт ба кор оғоз менамоям, ки албатта он фаъолияте дур аз баҳсҳои ҷории маҷозии сиёсист. Бинобар ин, ин мавод дар ҳақиқат охирин назарҳои банда дар баҳсҳои ҷории ихтилофии ин фазо буд.

2. Мавзӯи мақола баррасии вазъияти сиёсии кишвар нест ва даъвои муаллиф ин нест, ки дар ҷомеаи имрўзи мо мухолифате, эътирозе ё норозигие вуҷуд надорад. Балки мавзўъ ин аст, ки дар илму таҷрибаи сиёсӣ, худи оппозитсияи сиёсӣ будан чӣ меъёрҳо дорад ва барои расидан ба он сатҳ бояд чӣ масъалаҳо ҳал шаванд. Ва ин хулоса, ки имрўз дар саҳнаи баҳсҳои сиёсию ихтилофии мо нерўи аз назари зарфияти сиёсӣ, қудрати сохторӣ, моҳияти пешқадам ва заминаи иҷтимоӣ дар сатҳи оппозитсияи сиёсӣ шаклгирифтае нест, ки ҳамчун алтернативаи ҳукумати имрўза ва низоми мавҷудаи сиёсӣ эътироф карда шавад. Шояд чунин нерўҳо дар оянда шакл гирад, аммо мавзўи мақола воқеияти имрўзи ин мавзўъ аст, ки чунин аст.
3.Албатта, агар касоне дар ҷомеа бо нияти холис ва барои рушду ободии кишвар андешаи ислоҳоту мухолифату тагйирро пеш гузошта бошанд, банда ҳуқуқи маҳкум кардани онро надорам. Аммо дар бораи ҳуқуқи арзёбии ин мавзўъ аз тарафи ман, танҳо ҳаминро зикр мекунам, ки агар банда ҳеҷ чизеро надидаву нафаҳмида бошам, аммо чӣ будуни оппозитсияи сиёсӣ, чӣ будани миқёс ва сатҳи шахсияти мухолифи сатҳи миллӣ ва чӣ будани вусъати паймону эътилофи оппозитсиониро бевосита дидаву таљриба кардаам. Бинобар ин, шояд ман маҳз он сатҳу андешаву миќёсу шахсиятҳоро дар назар гирифта ва он комёбию нокомиҳои амалии онҳоро пеши рўй оварда, меъёрҳои зикршуда дар бораи оппозитсияи сиёсӣ буданро ба миён гузоштам. Вагарна, ҳар кас дар сатҳи худаш назареву ҷойгоҳеву пайраве дорад ва мақсади банда аз ин навишта мазаммати касе нест.
Бо вуҷуди ин, агар дар худи ҳамин мавзўи гузошташуда назарҳои санҷидаву созандае бошанду бо риояти фарҳанги назаргуфтан ироа шаванд, барои такмили андеша бисёр муфид пазируфта мешаванд.

asiaplustj.info/tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.