Дар ғарби Қазоқистон обхезӣ шуд, бештар аз 200 манзил зери об монд

Дар Қазоқистон дар натиҷаи обхезие, ки охири моҳи март шуруъ шуд, 185 манзил, 78 истироҳатгоҳ (дача) ва ду иншооти иҷтимоӣ зери об монд.

Дар ин бора вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Юрий Илин хабар дод.

Вай гуфт, ки 285 манзили дигарро хатари зери об мондан таҳдид мекунад.

Сокинони маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоеро нашр мекунанд, ки чи гуна талош доранд, вориди манзилҳои худ шаванд ё аз онҳо берун оянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.