Дар Қарабоғи Куҳӣ аз рӯзи душанбе оташбас эълом шуд

Амрико, Арманистон ва Озарбойҷон бо нашри як изҳороти муштарак хабар доданд, ки дар Қарабоғи Куҳӣ аз рӯзи душанбе оташбас эълом шудааст. Пеш аз ин, охири ҳафтаи гузашта котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо вазирони умури хориҷии Арманистону Озарбойҷон гуфтугӯ карда буд.

Ин бори дувум аст, ки ҷонибҳои даргир моҳи октябр дар Қарабоғи Куҳӣ оташбас эълом мекунанд. Бори нахуст дар натиҷаи гуфтугӯҳо дар шаҳри Москва эълом шуда буд, вале дертар ҷонибҳо якдигарро ба нақзи он айбдор карданд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи якшанбе хабар дод, ки шаҳри Қубодалиро тасарруф карданд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.