Дар Қазоқистон ҳукми қатлро бекор карданд

Дар Қазоқистон пас ду даҳсолаи моратория ҳукми қатлро пурра бекор карданд.

Дар ин бора рӯзи 2-уми январи соли равон сомонаи президенти Қазоқистон хабар додааст. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар санади бекор кардани ҳукми қатлро имзо кардааст.

Соли 2003 мақомоти қазоқ гуфта буданд, ки муваққатан иҷрои ҳукми қатлро бозмедоранд.

Моратория маънии муваққатан боз доштани иҷрои ҳукми қатлро дошт ва дар қонунгузории Қазоқистон то кунун моддаҳое мавҷуд буданд, ки барои терроризм ва ҷиноятҳои ҷангӣ ҳукми қатл пешбинӣ мекарданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо ба бекорсозии ҳукми қатл даъват карда буданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон моҳи декабри соли 2019 ба вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастури шуруи пайвастан ба санади бекорсозии ҳукми қатлро дода буд.

Дар Тоҷикистон низ ба ҳукми қатл моратория эълон кардаанд, вале он ҳанӯз пурра бекор нашудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.