Дар Қазоқистон 152 касро дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ маҳкум кардаанд

Дар асоси парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон нисбати 152 кас ҳукми додгоҳ содир шудааст. Аз ин теъдод 17 касро ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора Елдос Килимҷонов, як намояндаи додситони кулли Қазоқистон рӯзи 4-уми апрел хабар дод.

Афроде ба зиндон маҳкум шудаанд, ки “ҷиноятҳои вазнини марбут ба ғоратгарӣ ва ҳифзи аслиҳаро анҷом дода, зарари расонидаро ҷуброн накардаанд”.

35 тани дигар, ба иттилои намояндаи додситонӣ, дар робита ба эътирофи айб ва ҷуброни зарар бо маҳдуд шудани озодиҳояшон аз боздошт озод шудаанд. Ин намоянда гуфт, муфаттишон дар маҷмуъ 262 парвандаи ҷиноятии дигарро тафтиш доранд. Дар асоси ин парвандаҳо 733 кас дар ҳабс нигаҳ дошта мешаванд.

Ибтидои моҳи январ дар Қазоқистон эътирозҳои оммавӣ шуруъ шуданд. Дар пайи эътирозҳо дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон беназмиҳои оммавӣ ва харобкориву ғоратгарӣ сурат гирифт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.