Дар Қазоқистон алайҳи нуфузи Чин эътироз карданд. ВИДЕО

Беш аз 300 нафар рӯзи 27-уми март дар Алм Ато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон, бо нишони эътироз аз афзоиши нуфузи иқтисодии Чин ҷамъ омаданд.

Ин эътироз бо ибтикори ду ҳизби сабтиномнашудаи мухолиф – Ҳизби Демократии Қазоқистон (ҲДТ) ва Интихоби Демократии Қазоқистон (ИДҚ) ташкил шудааст.

Аз боздошти ҳудуди 20 нафар пеш аз оғози гирдиҳамоӣ хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар маҳали эътироз дастрасӣ ба интернет низ қатъ шудааст.

Эътирозгарон алайҳи корхонаҳои муштарак бо Пекин, сармоягузории Чин ба иқтисоди Қазоқистон, инчунин таъқиби қазоқҳо ва уйғурҳои этникӣ дар минтақаи худмухтори Шинҷон шиор доданд. Чунин эътирозҳо дар Нур-Султон, пойтахти Қазоқистон ва дигар шаҳрҳо низ баргузор шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.