Дар Қазоқистон ба хонаводаҳои пизишкони қурбонии COVID-19 ҷуброн пардохт мешавад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 7 октябр аз “монеаҳои сунъӣ” дар роҳи пардохти ҷубронпулӣ ба хонаводаҳои пизишкони қурбонии вабои коронавирус изҳори норизоӣ кард.

“Пуштибонӣ аз кормандони соҳаи тиб боиси шубҳа нест. Бо дастури ман, барои пардохти ҷубронпулӣ дар нимаи дувуми соли ҷорӣ бештар аз 150 миллиард танга ҷудо шудааст. Аммо дар амри пардохти изофапулӣ ва пардохтҳои суғурта ҳоло ҳам монеаҳои сунъӣ мушоҳида мешавад”, – гуфт Тоқаев.

Вай дар ин ҷаласа афзудааст, ки дар бархе аз минтақаҳо “бозӣ бо рақамҳо” идома дорад ва изофапулиҳо пардохт намешаванд. “Табибон набояд, маблағеро “гадоӣ” кунанд, ки ба худи онҳо тааллуқ дорад”, – гуфтааст Тоқаев.

Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, дар кишвараш расман 182 корманди соҳаи тиб қурбонии вабои коронавирус шудааст ва аз ин шумор ҳамагӣ хонаводаи 37 қурбонӣ ҷубронпулӣ дарёфт кардааст.

Дар Қазоқистон ба хонаводаҳои табибони қурбонии коронавирус 10 миллион танга (бештар аз 23 ҳазор доллар) ҷубронпулӣ пешбинӣ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.