Дар Қазоқистон дар як рӯз 1146 кас ба КОВИД-19 мубтало шудааст

Дар Қазоқистон дар давоми як шабонарӯзи ахир 1 146 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 ошкор шудааст. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, ҳамчунин 69 ҳолати гирифторӣ ба “илтиҳоби шуши шабеҳи коронавирус” сабт гаштааст.

Дар ин кишвар шумораи расмии мубталоёни коронавирус то субҳи 7 феврал ба 195 112 расид. Аз оғози пандемияи коронавирус дар моҳи марти соли 2020 то ба имрӯз дар Қазоқистон 2 595 кас бар асари коронавирус ҷон бохтааст.

Шумораи гирифторон ба бемории “илтиҳоби шуш”, ки Вазорати тандурустии Қазоқистон бо вуҷуди яке аз нишонаҳои коронавирус буданаш омори онро ҷудогона нашр мекунад, ба 48 295 расида, 579 кас аз он ҷон додааст.

Бино ба ҳисоби Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Ҳопкинс, шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 106 миллион расидааст. Ҳудуди 58,8 миллион бемор шифо ёфта, беш аз 2,31 миллион одам фавтидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.