Дар Қазоқистон ду минтақаи дигарро карантин карданд

Дар вилояти Қазоқистони Шимолии Қазоқистон шаҳри Мамлютка ва шаҳраки Явленка, маркази маъмурии ноҳияи Есилро карантин карданд. Бино ба хабарҳо, рӯзҳои ахир дар миёни сокинони ин минтақаҳо даҳҳо ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст.

Дар роҳҳои баромаду даромад аз минтақаҳои аҳолинишини мазкур постгоҳҳо ташкил шудааст. Сокинон аз соати 22:00 то соати 6 иҷозат надоранд, ки аз хонаҳояшон берун бароянд. Дар шаҳри Мамлютка, ки бо Русия ҳаммарз аст, макони карантин барои 100 нафар ташкил шудааст. Дар ҳоли ҳозир натиҷаи санҷиши 58 нафар мусбат баромадааст.

Дар Қазоқистони Шимолӣ 9 октябр шаҳри Булаеворо низ карантин карда буданд. Дар ду ҳафта мубталошавии 24 сокини шаҳр ба коронавирус тасдиқ шуд.

Дар ин минтақаи Қазоқистон дар давоми як шабонарӯзи ахир 11 ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона ошкор шудааст. Шумори мубталоён дар Қазоқистони Шимолӣ дар умум ба 3 921 расида, 22 нафар ҷон бохтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.