Дар Қазоқистон фаъолон аз фишор ба боздоштшудаҳо шикоят доранд 

Як гуруҳи фаъолони маданӣ 26 октябр дар назди додситонии шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷамъ шуда, аз рафтори кормандони пулис нисбат ба фаъолоне шикоят карданд, ки дар натиҷаи ҳамоиши ҷонибдории хонаводаҳои шаҳрвандони таъқибшаванда дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, фаъолон Гулмира Каликова ва Гулҷанат Темирхон рӯзи якшанбе 10-15 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд.

“Мо ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи ин занҳо ба додситонӣ омадем. Онҳоро пеш аз интиқол ба додгоҳ ҳудуди як шабонарӯз дар шуъбаи пулис нигаҳ доштанд. Ба онҳо ҳатто иҷозат надодаанд, ки аз ҳуқуқи худ истифода карда, ба наздиконашон занг зананд”,-изҳор дошт яке аз фаъолон бо номи Айнур Мирзоалиева.

Муовини додситони ноҳияи Байконури пойтахти Қазоқистон Тимур Утеубоев гуфт, шикояти фаъолонро “баррасӣ хоҳанд кард”. Вале аз ироаи ҷузъиёти он худдорӣ намуд. Дар Департаменти пулис Нурсултон гуфтанд, танҳо дар сурати ирсоли номаи расмӣ ҳодисаро шарҳ медиҳанд.

Як гуруҳи фаъолон рӯзи шанбе дар шаҳри Нурсултон гирди ҳам омада, хостанд барои хонаводаҳои шаҳрвандоне пул ҷамъ кунанд, ки мавриди таъқибҳои сиёсӣ қарор доранд. Ин гирдиҳамоӣ бо боздошти иштирокдорон анҷомид. Пулис гуфт, таҷаммуъ бидуни иҷозат ва ғайриқонунӣ буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.