Дар Қазоқистон модарони серфарзанд аз ҳукумат кумак мехоҳанд

Чандин модари серфарзанд 20 октябр дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон гирди ҳам омада, аз давлат кумак хостанд.

Ба гуфтаи занҳо, маҳдудиятҳое, ки дар робита ба пешгирӣ аз коронавирус ҷорӣ шудаанд, вазъи хонаводаҳои онҳоро боз ҳам мушкилтар сохтааст.

Занон талош карданд, ба бинои маъмурияти президенти Қазоқистон ворид шаванд, вале кормандони пулис пеши роҳи онҳоро гирифтанд.

Модари чаҳор фарзанд Акбаян Жалмирзоева мегӯяд, дар шаҳри Нурсултон дар хонаи якҳуҷрагие иҷоранишин асту моҳона 85 ҳазор танга (ҳудуди 200 доллар) медиҳад. Ба гуфтаи Жалмирзоева, дар давраи карантин хонаводаи ӯ бе даромад монда, натавонистанд пули иҷораро бидиҳанд.

“Шавҳарам моҳона 50-60 ҳазор кор мекард. Дар давраи карантин бекор аст. Худи ман шабҳо ба тарабхонаҳо рафта, гул мефурӯхтам. Вале ба далели маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус аз ин даромад ҳам маҳрум шудем. Ҳоло аз пули иҷораи манзил 285 ҳазор танга қарздор ҳастем. Ба соҳиби хона ҳамчун замонат ҳамаи ҳуҷҷатҳои худ, аз ҷумла шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандонамро додаам”, – афзуд ӯ.

Сокини дигари пойтахти Қазоқистон Жанар Бидайбекова гуфт, соли 2014 дар натиҷаи оташсӯзие се кӯдаки ноболиғаш ҷон бохтанд. Дертар шавҳараш низ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт ва ҳоло бо ду кӯдаки дигараш дар манзиле иҷоранишин аст.

Занон дертар ба назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон рафтанд. Намояндагони вазорат гуфтанд, ному насаби занҳоро ба қайд гирифтаанд. Вале занон мегӯянд, то ба додашон расидагӣ нашавад, даст аз таҷаммуъ барнамедоранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.