Дар Қазоқистон пеш аз парвоз дигар санади ташхиси COVID-19 талаб намекунанд

Дар Қазоқистон сар аз рӯзи 11-уми май талаби ташхиси ҳатмии COVID-19 барои мусофирон, кормандони хадамоти фурудгоҳҳо ва халабонони ҳавопаймо бекор шуд. Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, аз 1 то 11-уми май миёни мусофирон ва халабонон ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст.

Ба гуфтаи Садвакас Байгабулов, сартабиби беҳдоштӣ дар умури нақлиёт талаботи санитариву карантинӣ, аз ҷумла фосилаи иҷтимоӣ, гузоштани мушаххасот, пӯшидани ниқоб, манъи иҷозаи вуруди гуселкунандагон ба дохили терминал, ҳароратсанҷӣ ва ғайра риоя мешавад.

Ахиран ширкати ҳавопаймоии “Эйр Остона” гуфт, қимати гарони дастгоҳҳои ташхиси вируси корона ё тестҳо, ки ҳар кадоми онҳо аз 11,5 то 20 ҳазор танга арзиш доранд, парвозҳоро барои сокинони одӣ дастнорас кардаанд. Ширкат аз мақомоти Қазоқистон хост, ки бо назардошти гаронии тестҳо ташхиси ҳатмиро бекор кунанд.

Аз 1-уми май то кунун, ки парвозҳои дохилӣ дар Қазоқистон аз сар гирифта шуданд, ҳудуди 13 ҳазор мусофир ба далели надоштани санади ташхис ба ҳавопаймоҳо роҳ дода нашудаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон шумори гирифторони вируси корона ба 5138 расидааст. Ба иттилои вазорати тандурустӣ, аз ин вирус 31 кас вафот кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.