Дар Қазоқистон зидди қонун дар бораи бастани шабакаҳои иҷтимоӣ имзо ҷамъ мекунанд

Рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон аз президент ва порлумони он кишвар даъват доранд, то лоиҳаи қонуне, ки бастани шабакаҳои иҷтимоиро иҷозат медиҳад, қабул карда нашавад.

Муаллифони муроҷиатнома, ки тавассути сомонаи “Avaaz.org” имзо ҷамъоварӣ мекунанд, мегӯянд, “лоиҳаи мазкур барои таъқиб, назорати интернет ва ҷорӣ кардани сензура дар Қазоқистон равона шудааст”.

Порлумони Қазоқистон 15-уми сентбр лоиҳаи қонунеро дар қироати аввал қабул кард, ки моликони онлайн-платформаҳоро вазифадор мекунад, то худ ва бахшҳояшонро дар он кишвар ба қайд бигиранд.

Дар сурати худдорӣ аз сабтином қонун иҷозат медиҳад, ки платформаҳо дар Қазоқистон баста шаванд. Муаллифони лоиҳа мегӯянд, ҳадаф муҳофизати кудакон аз мағзшӯии интернетӣ аст.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, агар лоиҳаи мазкур дар шакли кунунӣ ба иҷро дарояд, озодии баёнро дар Қазоқистон маҳдуд мекунад.

“Меъёрҳои қабулшуда ҳуқуқ ба дастрасӣ ва паҳн кардани иттилоъ, ҳуқуқ ба истифодаи интернетро маҳдуд карда, боиси коҳиши сармоягузорӣ, сустшавии фаъолиятҳои шаҳрвандон ва тиҷорат мешавад. Ҳамчунин ба рушди таблиғот ва савдои электронӣ монеа эҷод мекунад”, – омадааст дар изҳороти созмони ҳомии ҳуқуқи “Одилсоз”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.