Дар Қирғизистон қиморхонаҳо боз мешаванд, аммо танҳо барои хориҷиҳо

Дар Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки дубора дари қиморхонаҳоро боз кунанд: тарҳи қонун, ки фаъолияти қиморхонаҳоро иҷозат медиҳад, рӯзи 21 апрел аз сӯи порлумон қабул шуд.

Замоне қиморхонаҳо дар Қирғизистон фаъолияти қонунӣ доштанд. Аммо 10 соли пеш порлумони он кишвар фаъолияти онҳоро манъ кард.

Акнун вазъият тағйир кардааст ва вакилон ба хулоса расиданд, ки буҷаи кишвар ба даромади иловагӣ ниёз дорад ва ин даромадҳо қиморхонаҳо метавонанд, таъмин кунанд. Сокинон маҳаллӣ ва ахлоқи онҳо аз кушодашавии қиморхонаҳо зиён нахоҳанд дид: дар қонун навишта шудааст, ки танҳо хориҷиҳо иҷозаи вуруд ба қиморхонаро доранд.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 21 апрел бо қабули қонуне иҷозат доданд, ки дар ҳудуди вилояти Иссиқкӯли он кишвар қиморхонаҳо фаъолият кунанд. 68 вакил раъйи мувофиқ ва 23 вакил раъйи мухолиф доданд.

Аммо баъди қабули тарҳи қонун бархе аз вакилон талаб карданд, ки бояд овоздиҳии такрорӣ сурат гирад. Торобой Зулфиқоров, яке аз вакилон гуфт, бисёре аз вакилони порлумон намедонистанд, ки барои чӣ раъй медиҳанд.

Рискелдӣ Момбеков, вакили дигар гуфт, ки тарҳи қонун дар рӯзи баррасӣ – 8 апрел – ба овоздиҳӣ гузошта нашуда буд ва “дар ин муддат миёни вакилон таблиғот сурат гирифт, бархеҳоро ҳатто тарс доданд”.

Вакилони дигар гуфтанд, ҳама медонист, ки барои кадом тарҳи қонун раъй медиҳанд.

Дар ниҳоят вакилон барои бекорсозии қарори қабули тарҳи қонун раъйдиҳӣ баргузор карданд, вале барои бекорсозии тарҳ овози кофӣ ҷамъ нашуд. Ба ин тартиб, тарҳи қонуни иҷозаи фаъолияти қиморхонаҳо қабул гардид.

Вакилони порлумони Қирғизистон Бактибек Турусбеков ва Достонбек Ҷумабеков пешниҳод доранд, ки дар масоҳати 1200 га замин дар наздикии фурудгоҳи вилояти Иссиқкӯл чанд меҳмонхона ва қиморхона сохта шавад. Дар лоиҳаи қонун омадааст, ки қиморхонаҳо танҳо дар минтақаи мазкур фаъолият карда, шаҳрвандони Қирғизистон иҷозаи ворид шудан ба онҳоро нахоҳанд дошт.

Дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2012 фаъолияти қиморхонаҳо манъ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.