Дар Қирғизистон ба хонандагони синфҳои 2-6 ҳам иҷозат шуд, ба мактаб раванд

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбоев 2 октябр дар як нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки чаро ба хонандагони баъзе аз синфҳо иҷозат дода шуд, аз 6 октябр ба мактаб бираванд.

“Ҳамроҳ бо Вазорати маорифи Қирғизистон алгоритмеро таҳия кардем, ки дар сурати риояи он ҳамаи хонандагон метавонанд ба омӯзиши анъанаваӣ баргарданд. Аз аввали соли хониш беш аз 100 ҳазор хонандаи сифни якум ба мактаб мераванд, вале то ҳол касе аз онҳо ба коронавирус мубтало нашудааст. Миёни хонандагон аз нигоҳи солашон санҷиш гузаронида шуд ва тасмим гирифтем, ки хонандагони синфҳои аз 2 то 6 низ ба мактаб раванд”, – изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Қирғизистон, то ҳол дар ин кишвар синдроми Кавасакӣ ба қайд гиримфта нашудааст, вале шеваи табобати онро ба дастурамали табобати коронавируси нав шомил кардаанд.

Дар Қирғизистон моҳи марти соли равон, баъди ошкор шудани нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дари мактабҳо баста ва хонандагон ба таҳсили фосилавӣ гузаронида шуданд.

Ситоди ҷумҳуриявии ин кишвар 30 сентябр тасмим гирифт, ки хонандагон синфҳои 2-6 дар баробари хонандагони синфҳои якум метавонанд аз 6 октябр ба мактаб бираванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.