Дар Қирғизистон бо $6,8 млн барои қудратиҳо хона месозанд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои сохтмони хонаҳои баландошёна дар шаҳри Бишкек дар ҳаҷми $6,8 млн тендер эълом кард. Ин хонаҳо барои кормандони кумитаи мазкур сохта мешаванд.

Бино ба иттилои сомонаи харидҳои давлатӣ, дар хиёбони Чингиз Айтматови Бишкек шаш бинои 9 ошёна сохта хоҳад шуд.

КДАМ шарт гузошта аст, ки биноҳо бояд то моҳи августи соли 2022 сохта шаванд.

Дар солҳои охир кормандони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон назар ба кормандони соҳаҳои дигари буҷавӣ зиёдтар соҳиби манзил мешаванд. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар соли 2017 гуфта буд, ки чаро танҳо барои қудратиҳо манзил сохта мешавад.

“Ман ошкоро мегӯям, ки чаро танҳо барои қудратиҳо хона сохта мешавад, на барои омӯзгорон ва на барои табибон… Метавонам бигӯям, ки ин хонаҳо аз ҳисоби гранти кишварҳои хориҷӣ сохта шудаанд. Хориҷиҳо барои ин кор грант медиҳанд. Идомаашро наметавонам ошкор кунам, ин сирри давлатӣ аст”, – гуфта буд Отамбоев.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.