Дар Қирғизистон боз як мудири пешини “Манас”-ро дастгир карданд

Мудири пешини корхонаи “Фурудгоҳи байналмилалии Манас” Мурод Примбердиев рӯзи 17-уми феврал бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст. Дар Хадамоти матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон гуфтанд, Примбердиев дар доираи парвандаи нақшаи фасодкорӣ дар фурудгоҳи “Манас” дастгир гаштааст.

Аз ин пеш, мудири пешини дигари фурудгоҳ Эмир Чукуев ва мудири собиқи “Компания Манас Менеҷмент”​ Нурсултон Белеков дастгир шуда буданд. Зидди шаҳрдори пешини Бишкек Албек Ибраимов низ, ки солҳои 2013-2016 мудири фурудгоҳи мазкур буд, парванда боз шудааст.

Мурод Примбердиев моҳи июни соли 2019 мудири Корхонаи “Фурудгоҳи байналмилалии Манас” таъйин шуда, баъди ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 ихтиёран ба истеъфо рафт.

Додситонии кулли Қирғизистон қаблан хабар дода буд, ки дар якҷоягӣ бо Додситонии нақлиётии ин кишвар нақшаи устувори фасодкории “Компания Манас Менеҷмент”, ширкати тобеи корхонаи “Фурудгоҳи байналмилалии Манас”-ро ошкор кардаанд.

Ба огаҳии додситонӣ, шахсони масъули ширкат ба ширкатҳои хориҷӣ дар бахши ҳамлу нақли байналмилалии бор имтиёз медодаанд. Дар натиҷа онҳо ба ҷои 95 евро барои ҳар тонна 60 доллар мепардохтаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.