Дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ идома дорад

Дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ идома дорад ва 16 ҳизби сиёсӣ барои 120 курсии Жогорку Кенеш ва ё Шӯрои олии кишвар мубориза мебаранд. Дар интихобот, ки соати 8 субҳ шуруъ шуд, то нисфирӯзӣ 20 дар сади мардум рой додаанд. Дар Қирғизистон 3.5 миллион нафар ҳақи рой доранд.

Интизор меравад, ки аҳзоби тарафдори ҳукумат бо номи “Биримдик” ва ё Ваҳдат ва ҳизби “Мекеним” ва ё Ватан ройи бештари мардумро ба даст биёранд. Ҳизбҳои мухолифи Отамакон ва Республика баъд аз онҳо меоянд. Дар Қирғизистон бар асоси қонун, ҳеҷ як ҳизбе ҳақ надорад, бештар аз 65 курсии порлумонро ба даст биёрад. Ҳадафи қонун роҳ надодан ба таркиби порлумонест, ки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ доранд ва дар онҳо аксари курсиҳоро ҳизби ҳоким мегирад ва гуфтаҳои ҳукуматҳоро бечунучаро иҷро мекунад.

Аз соли 1990 то кунун Қирғизистонро чун “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ меноманд. Дар маъракаҳои пешазинтихоботии имсола масъалаҳои харидани ройи мардум ва нуфузи Русия дар Қирғизистон доғ шуд. Ҳарчанд ҷанҷолҳое дар ҷараёни ин корзор ба чашм расид, аммо фарқи интихоботи ин кишвар аз интихоботҳои дигар кишварҳои худкома ва ғайридемократии минтақа ҳувайдо буд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.