Дар ҳамал ба донишҷӯёни афғон ду нафар кушт шуд

 16-уми март дар як ҳамла ба автобусе, ки донишҷӯёнро  дар шимолушарқи Афғонистон интиқол медод, ду нафар, аз ҷумла, як донишҷӯ ва ронандаи автобус кушта шуда, шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки ҳодиса дар вилояти Бағлон рух дод ва Толибонро дар ин ҳодиса гунаҳгор донист. Вале гурӯҳи шӯришӣ ҳама гуна дахолаташ дар ин ҳодисаро рад кардааст. Ин яке аз охирин ҳодисаҳои пурхушунат дар Афғонистон аст, ки моҳҳои охир авҷ гирифтаст.

Дар ҳодисаи дигаре афроди мусаллаҳ ба муҳофизони як обанборе дар Ҳирот ҳамла карда, се нафарро кушта ва як нафарро захмӣ намуданд. Чор муҳофизи дигар нопадид шудааст. Бо вуҷуди ин ки дар Қатар музокироти сулҳи ҳукумат ва Толибон идома дорад, хушунатҳо дар Афғонистон коҳиш намеёбад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.