Дар ҳамла ба як мадраса дар Пешовар 9 толибилм ҷон бохтанд

Мақомоти расмӣ дар Покистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла ба як мадрасаи исломӣ дар шаҳри Пешовар камаш 9 донишҷӯ кушта шудаанд ва 70 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Виқор Азим, як мақоми баландпояи пулиси шаҳри Пешовар гуфт, ки ҳангоми таркиш дар рӯзи 27-уми октябр дар дохили як синфи мадраса 60 нафар дарс мехондаанд. Ба гуфтаи ӯ, касе ҷузвдонеро, ки бомб доштааст, қабл аз оғози дарс дар дохили толори дарсхонии донишҷӯён гузошта рафтааст.

Муҳаммад Осимхон, сухангӯи Шифохонаи Луя дар Пешовар гуфт, ки ба инҷо 7 ҷасад ва 70 захмиро овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки ҳалок шудаанд, сочмаҳои зиёде хӯрдаанд ва ё бисёр сӯхтаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки дар байни захмиён донишҷӯёни афғон низ ҳастанд. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.