Дар ҳамлае раҳбари гурӯҳи нозирони интихоботии Афғонистон кушта шуд

Рӯзи 23 декабр дар Кобул афроди ношиноси ҳамлагар раҳбари гурӯҳи нозирони мустақили интихоботи Афғонистонро  куштанд. Фирдавс Фаромарз, сухангӯи полиси Кобул дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Юсуф Рашид ва ронандааш субҳи имрӯз дар ноҳияи 7-уми Кобул мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳодиса Рашид кушта ва ронандааш захмӣ шуд. Рашид раҳбари Форуми интихоботи озоду одилонаи Афғонистон буд, ки дар Кобул дафтар дошт. Ӯ як фаъоли маъруфи маданӣ буд. То ҳол ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар ҳоле, ки дар Қатар музокироти сулҳи миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон барои хатми ҷанг дар ин кишвар идома дорад, мизони хушунатҳо кам намешавад ва журналистону рӯҳониён, сиёсатмадорону фаъолони ҳуқуқ ҳадафи тири ҳамлагарон қарор мегиранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.