Дар ҳамлаи Кундуз 16 корманди амнияти Афғонистон кушта шуд

Дар ҳамлаи шабонгоҳии  Толибон ба як посгоҳи амниятии Кундузи Афғонистон дастикам 16 узви нирӯҳои амниятӣ кушта ва ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Ғуломраббонии Раббонӣ, як узви шӯрои Кундуз рӯзи 5 феврал гуфт, ки ҷангиён ба посгоҳи Тори Ахтари ноҳияи Хонобод ҳамла карданд ва даргириҳо се соат идома дошт. Ба иттилои ӯ, ду корманди дигари ин посгоҳ гаравгон гирифта шуданд.  

Як мақоми дигар гуфт, ки  Толибон тамоми силоҳу муҳимотро бо худ бурданд.  Мақомот гуфтанд, ки ин посгоҳ зери назари раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Ин ҳамла дар ҳолест, ки бо вуҷуди музокироти сулҳи миёни ҳукумати Кобул ва Толибон дар як соли охир мизони хушунатҳо дар саросари Афғонистон афзоиш ёфтааст.    

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.