Дар ҳамлаи мушакӣ дар Ганҷа 12 нафар кушта ва беш аз 40 кас захмӣ шудаанд

Дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар Ганҷа, дувумин шаҳри бузурги Озарбойҷон, 12 нафар кушта ва беш аз 40 каси дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 17-уми октябр рух дод. Бар асари он дастикам як бино вайрон шуда, 20 оила осеб дидааст. Ба гузориши бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ, ҳамлаи дигари мушакӣ дар шаҳри Мингачевир рух дод, ки дар онҷо сарбанди бузург воқеъ аст. Дар мавриди зарари он чизе гуфта нашудааст. Чанд соат пеш аз ин ҳамлаҳо, аз даргириҳои нав миёни нерӯҳои Озарбойҷону Арманистон дар дохилу атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ, минтақаи мавриди муноқишаи ду тараф, гузориш шуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.