Дар Ҳинд ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус аз 20 миллион нафар гузашт

Омори расмии мақомот дар Ҳинд мегӯяд, шумори гирифторони коронавирус дар ин кишвар рӯзи 4-уми май аз 20 миллион нафар гузашт. Ба иттилои вазорати беҳдошти Ҳинд, дар як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвари иборат аз 1,4 миллиард аҳолӣ 357 ҳазор ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва мушкили камбуди бистари беморӣ, дору ва оксиген ҳамоно доғ боқӣ мемонад. Дар се моҳи гузашта дар Ҳинд шумори олудашавиҳо дар ин кишвар ду баробар афзоиш ёфт ва шумори умумии кушташудаҳо аз COVID-19 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Ҳинд дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҷаҳон коронавирус бо суръати зуд паҳн мешавад. Масалан, агар рӯзи 1-уми апрел дар ин кишвар 65 ҳазор нафар олуда шуда буд, пас ҳоло ба ҳисоби миёна 370 ҳазор ҳолат дар як рӯз аст. Ҳолатҳои марг агар як моҳ пеш 300 ҳолат буд, ҳоло аз 3 ҳазор ҳолат дар рӯз гузаштааст.  Сабаби афзоишро дар паҳн шудани навъи босуръат сирояткунандаи намуди коронавирус ва ҳам иҷозаи мақомот барои баргузории ҷашнвораи диниву тазоҳури мардум мегӯянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.