Дар Ҳинд ва Осиёи Ҷанубӣ бӯҳрони нави коронавирус мушоҳида мешавад

Бӯҳрони пандемияи коронавирус дар Ҳинд амиқтар мешавад ва шумори қурбониҳо то рафт афзоиш меёбад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳинд дастгоҳҳои нафаскашӣ ва дигар ёриҳои изтирорӣ мефиристад. Ахиран Бритониё ҳам гуфт, ки ба собиқ мустамликааш як ҳазор донаи иловагии вентилятор ё асбоби нафаскашӣ мефиристад. Ҳафтаи гузашта дар Ҳинд 2,6 миллион ҳодисаи нави олудагӣ ба коронавирус ва 23 ҳазору 800 ҳолати марг ба қайд гирифта шуд. Ба ин тартиб, дар Ҳинд омори фавтидаҳо ба 215 ҳазор нафар баробар шуд. Вале мутахассисон тахмин мекунанд, ки шояд ин омори ниҳоӣ набошад, чун хеле поинтар назар ба бӯҳрони воқеӣ ба назар мерасад. Ҳукумати нахуствазир Нарендра Моди маҳдудиятҳои сартосарӣ ҷорӣ кард ва ба илова, раҳбарони иёлоти саросари кишвар маҳдудиятҳои иҷтимоии худро ҳам татбиқ карданд.

Нигарониҳо аз афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар нуқоти дигари Осиёи Ҷанубӣ ҳам зиёд мешавад. Непал ва Шри Ланка бо афзоиши ҳодисаҳои нав рӯбарӯ шуда, беморхонаҳо пур аз бемор ҳастанд ва  дастгоҳҳои нафаскашӣ  намерасанд. Сардухтури сироятшиноси Шри Ланка гуфт, агар сари вақт чора андешида нашавад, ҳолати Ҳинд дар ин кишвар такрор мешавад.

Дар Покистон ҳам мавҷи сеюми олудашавӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Мақомот то 20-уми май ба таври муваққатӣ марзҳои кишвар бо Афғонистону Эронро бастанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.