Дар Ҳонконг 50 эътирозгарро боздошт карданд

Рӯзи якшанбе пулиси Ҳонконг 50 иштирокчии эътирозҳои мамнуъшударо боздошт кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, аз роҳпаймоии эътирозӣ ба далели беназмиҳо пешгирӣ карда шуд. Пулис аз гази ашковар истифода кард.

Рӯзи 28 июн Кумитаи доимии порлумони Чин ба баррасии тарҳи қонуне шуруъ кард, ки аз мақомоти Ҳонконг талаб мешавад, қонун дар бораи мамнуъ эълом кардани “ҷудоихоҳӣ” ва “ошӯб”-ро қабул кунанд.

Сокинони Ҳонконг тасмим доранд, рӯзи 1 июл 23-солагии аз Бритониё ба Чин гузаштани Ҳонконгро таҷлил кунанд. Пулис дархости баргузории роҳпаймоиро дар он рӯз рад кард.

Бино ба созишномаи аз Бритониё ба Чин гузаштани Ҳонконг, сокинони Ҳонконг кафолат гирифта буданд, то соли 2047 соҳиби ҳуқуқҳои густардае мешаванд, ки миёни ин ҳуқуқҳо аз ҷумла озодии матбуот, гирдиҳамоӣ ва озодии баён ҳастанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.