Дар Ҷайҳун қатли чанд аъзои як хонаводаро таҳқиқ мекунанд

Дар Тоҷикистон таҳқиқи қатли бераҳмонаи як хонаводае идома дорад, ки мардуми ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлонро ваҳшатзада кард.

Ба таҳқиқи ҳодиса Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷалб шудааст.

Мақомот то кунун сабабҳои қатли панҷ узви хонаводаи Маҳмадовҳо аз деҳаи Тарғоқро шарҳ надодаанд. Дар миёни панҷ қурбоние, ки номашон ба Радиои Озодӣ маълум шуд, Саодати 13-сола ва Саломати 14-сола низ ҳастанд. Панҷ узви оиларо субҳи 12-уми июн афроди номаълум, бо табар ё дос зада куштаанд. Як узви хонавода бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон аст.

Дар Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо аҳёнан рух медиҳад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.