Дар Ҷопон маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 бекор мешаванд

Ҷопон ният дорад муқаррароти ҳолати изтирории вобаста ба пандемияи COVID-19-ро дар охири моҳи сентябр бекор кунад. Нахуствазир Йошиҳиде Суга  дар ҷаласаи ахири ҳукумат гуфт, ки дар машварат бо мутахассисон маҳдудиятҳо бекор мешаванд. Ҷопон бо шакли босуръат сироткунандаи “Делта”-и коронавирус дастбагиребон буд ва бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шароити маҳдудиятҳои сахти беҳдоштӣ баргузор шуданд. Вақтҳои охир ҳодисаҳои нави олудашавӣ ба коронавирус кам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар як гузорише Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта дар Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусия болоравии нишондодҳои иқтисодӣ  пешбинӣ мешавад. Афзоиш дар 18 кишвар, ба истиснои Чин, 2,5 дарсад дар солро пешбинӣ мекунад. Бо сабаби пандемия ва маҳдудиятҳо иқтисодҳои зиёд натавонистанд ба таври густарда кор кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.