Дар Афғонистон 13 афсари полис кушта шуданд

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар як ҳамла ба посгоҳи амниятӣ дар вилояти шимолии Бағлон 13 афсари полис кушта шуд.  Дар ҳамлаи ҷудогонае, ки дар ҳамин вилоят рух дод, се афсари дигари полис маҷрӯҳ шуданд. Ҳарду ҳамла рӯзи 16 декабр, дар шаҳри Пули Хумрии маркази вилояти Бағлон рух дод. Бо ин ки касе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифт, мақомот ангушти иттиҳомро ба Толибон баланд карданд. Аз моҳи сентябр ба ин сӯ ҳукумати Афғонистон ва ҷангҷӯёни Толибон дар шаҳри Давҳаи Қатар  бо ҳадафи хатми хушунатҳои тӯлонӣ дар ин кишвар музокираи сулҳро ба роҳ мондаанд. Бо вуҷуди ин музокирот, мавҷи хушунатҳо кам намешавад. СММ ҳушдор дод, ки бо сабаби пандемияи Covid-19 ва афзоиши хушунатҳо, соли оянда 5 миллион сокини Афғонистон ба кӯмак ниёз хоҳанд дошт. Рамеш Раҷасингҳам, як мақоми баландпояи СММ дар умури кӯмакҳои башарӣ рӯзи 15 декабр гуфт, ки ин кӯмакҳо ба таври изтирорӣ лозим мешаванд. Раҷасингҳам, ки баъди сафар ба Афғонистон сӯҳбат мекард, гуфт, вазъ дар ин кишвар бахусус дар мавсими зимистон сангин хоҳад шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.