Дар Афғонистон бар асари заминларзаи шадид 255 нафар ба ҳалокат расидааст

Дар вилояти Пактикои Афғонистон бар асари заминларзаи бештар аз 6 дараҷаӣ 255 нафар ба ҳалокат расидааст. 

Мақомоти вазорати умури дохилии Толибон дар суҳбат бо хабаргузории “Ройтерс” гуфтаанд, ки садҳо нафари дигар дар натиҷаи ин фалокат захм бардоштаанд. Як мақоми дигари вилояти Пактико ба Би Би Си гуфтааст, ки дар заминларза камаш 250 нафар ҷон додаанд.

Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагон барои кумак бо чархбол ба маҳалли ҳодиса шитофтаанд.

Заминларза дар Афғонистон/ акс аз сомонаи aa.com.tr

Толибон баъди тарки неруҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш аз  Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дигарбора ба қудрат баргаштанд. Идораи Зилзиласанҷии Амрико гуфт, ки заминларза бо неруи 6.1 дараҷа субҳи 22-уми июн бахшҳое аз Афғонистону Покистонро такон додааст.

Заминларза дар Афғонистон/ акс аз сомонаи aa.com.tr

Марказҳои зилзиласанҷии Аврупо ва Олмон неруи заминларзаро 6 дараҷа гуфтаанд. Бино ба гузориши Идораи Зилзиласанҷии Амрико маркази заминларза дар 46 километрии шаҳри Хӯст дар ҷанубушарқи Афғонистон ва дар умқи 51 километр будааст. Заминларзаро дар Покистону Афғонистону Ҳинд ва Тоҷикистон бештар аз 119 миллион нафар эҳсос кардаанд.

Сообщение Дар Афғонистон бар асари заминларзаи шадид 255 нафар ба ҳалокат расидааст появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.