Дар Афғонистон бархе донишҷӯён сари дарс бармегарданд

Донишҷӯён дар Афғонистон тадриҷан ба дарс бармегарданд. Дар баъзе донишгоҳҳо парда кашида, синфхонаҳоро ба ду тақсим кардаанд. Писарону духтарон аз ҳам ҷудо мешинанд. Кишварҳои хориҷӣ вазъи мактабҳо ва донишгоҳҳоро пайгирӣ мекунанд, то муносибати “Толибон” бо занон ва ҳуқуқи онҳо риоят шавад. Дар солҳои 1996-2001-ум вақте Толибон зимоми қудратро дар даст доштанд, занону духтарон аз кору таҳсил маҳрум буданд. Ҳафтаҳои ахир Толибон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳуқуқи занону духтаронро тибқи шариати сломӣ риоят мекунанд, вале бисёриҳо ба ин ваъда бо шубҳа менигаранд. Дар суҳбат бо хабарнигори Рейтерс устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии шаҳрҳои Кобул, Қандаҳор ва Ҳирот гуфтанд, ки таълими духтарон ҷудо аз писарон дар макони хос сурат мегирад. Пеш аз сари қудрат омадани “Толибон” ҳам дар донишгоҳи Кобул мизҳои хонумҳо ҷудо аз мизи донишҷӯёни мард буд, вале синфхонаҳо ба ду тақсим набуданд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.