Дар Афғонистон чор корманди давлатӣ кушта шуданд

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки афроди ношинос дар шаҳри Кобул чор корманди ҳукуматро ба қатл расониданд. Фирдавс Фаромарз, сухангӯи полиси Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки мусаллаҳон ба мошини вазорати эҳё ва рушди деҳот оташ кушода ҳамаи чор нафарро ба қатл расониданд. Як сухангӯи вазорат гуфт, ки ин мақомдорон ба сӯи маркази вилояти Майдон Вардак ҳаракат мекарданд, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Афроди мусаллаҳ мошини онҳоро нигоҳ дошта ба сӯяшон оташ кушоданд. Фаромарз гуфт, ки аз рӯи ин қазия тафтиш шурӯъ шудааст. Дар моҳҳои ахир мусаллаҳон   бештар кормандони ҳукумат, фаъолон ва журналистонро ҳадаф қарор медиҳанд. Мақомоти Афғонистон ва ИМА дар афзоиши мавҷи хушунатҳо  Толибонро гунаҳгор мекунанд, вале ин гурӯҳи шӯришӣ ҳамеша ин иттиҳомотро рад кардааст.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.