Дар Алмато намоиши эътирозии вакилони дифоъро манъ карданд

Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Алмато ба баргузории тазоҳуроти ҳуқуқшиносони шаҳр зидди лоиҳаи тағйиру иловаҳои ҳукумати Қазоқистон ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони дифоъ иҷозат надод.

Дар хадамот гуфтанд, тазоҳуроте, ки шаҳрдории Алмато ба баргузории он дар санаи 13 март иҷозат дода буд, баргузор нахоҳад шуд.

“Тибқи қарори сардухтури беҳдоштии Алмато баргузории ҳама гуна чорабиниҳо бо шумораи зиёди одамон, бахусус ҳамоишҳои эътирозӣ манъ аст. Бояд гуфт, ки Алмато аз нигоҳи шумори мубталоён ба минтақаи “сурх” шомил шудааст ва барпо гаштани чорабиниҳои оммавӣ метавонад боиси афзоиши якбораи мубталоёни коронавирус шавад”, – гуфт муовини раиси хадамот Садвакас Байгабулов.

Вакилони дифое, ки барои баргузории тазоҳурот аз шаҳрдории Алмато иҷозат дархост карда буданд, гуфтанд, мақомот онҳо дар бораи манъ шудани тазоҳурот огаҳ накардаанд.

Як гуруҳи вакилони дифои Алмато 9 март хабар доданд, ки шаҳрдорӣ иҷозат додааст, то онҳо зидди лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни Қазоқистон дар бораи фаъолияти вакилони дифоъ тазоҳурот кунанд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.