Дар Алмато намуди “ҳиндустонӣ”-и COVID-19 ошкор шудааст

Сардухтури беҳдоштии шаҳри Алматои Қазоқистон Жандарбек Бекшин 23-юми июн хабар дод, ки дар он шаҳр навъи “ҳиндустонӣ”-и коронавирус ё COVID-19 ошкор шудааст.

“Сар аз ҳафтаи гузашта бо дастрас шудани тестҳо мо навъҳои гуногуни коронавирусро ошкор кардем. Дар миёни онҳо намудҳои “бритониёӣ” ва “африқоӣ” низ ҳаст. Шаби гузашта намуди нави “ҳиндустонӣ”-и коронавирус ошкор карда шуд”, – изҳор дошт Бекшин.

Сардухтури беҳдоштии Алмато афзуд, ки “зани мубтало ба намуди нави вирус ба ҳеч куҷо сафар накардааст. Мо нақшаи равуои ӯро дар шаҳр омӯхтем ва ҳоло корҳои пешгирикунандаеро анҷом медиҳем. Ин зан намедонад, ки дар куҷо ба вирус олуда шудааст. Худаш мегӯяд, ба ду бозори масолеҳи сохтмонӣ ва фурушгоҳҳои наздики хонааш рафтааст”.

Ба гуфтаи Бекшин, ҳафт нафаре, ки бо зан тамос доштанд, феълан ба карантин гирифта шудааст.

Пештар мақомоти шаҳри Нурсултони Қазоқистон аз ошкоршавии намуди “ҳиндустонӣ”-и коронавирус хабар дода буданд. Ҳукумати Қазоқистон баъди он хост, маҳдудиятҳо сахттар карда шаванд.

Дар давоми як шабонарӯзи гузашта дар саросари Қазоқистон 1248 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.